КИШТИ КАРТОША — ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР АМАЛӢ НАМУДАНИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ КИШВАР ВА ТАЪМИНИ ФАРОВОНИИ МАРДУМ
Имрӯз, бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат, аз ҷониби раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар майдони 1 гектар замин кишти картошка ба роҳ монда шуд. Зимни оғоз бахшидани кишти картошка раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин, масъулини соҳа, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ
иштирок намуда, иброз доштанд, ки дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи кишоварзӣ имконият фароҳам меорад, то хоҷагидорон ҳар як қитъаи заминро самаранок истифода бурда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии озуқавориро зиёд намоянд. Таъкид гардид, ки иҷрои талаботи дурнамоӣ ва риояи тавсияҳои илмии мутахассисон имкон медиҳад, то кишти имсола бо нишондиҳандаҳои баланд анҷом ёбад.
Ҳамзамон роҳбарияти ноҳия аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, наздиҳавлигӣ ва деҳқонон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи оқилонаи обу замин, татбиқи технологияҳои муосири кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ин тадбир қадами амалӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат оид ба расидан ба амнияти озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард.

