ЧОРАБИНИИ СИЁСИВУ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
9 декабр дар Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳия чорабинии сиёсиву тантанавӣ бахшида ба 31-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин, Узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро фаъолони ҳизбӣ, собиқадорон, фаъолон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва зиёиёни ноҳия иштирок намуданд.
Дар ибтидо меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ дар пешдолони Кохи фарҳанг аз намоиши саҳнавӣ, ки аз ҷониби вакилони ҳизбӣ ва ҷавонон омода гардида буд, дидан намуда, рӯҳи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси садоқат ба Ватанро эҳсос карданд. Намоиши дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аксу иттилоот дар бораи иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин лаҳзаҳои ҷолибе аз достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ фазои идонаро ҳусни тоза бахшид.
Дар чорабиниро раиси ноҳия Икромиддин Вализода баромад карда, иштирокдорони ҷамъомадро бо ин санаи фархунда табрик намуда, нақши таърихӣ ва сиёсиву идеологии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар таҳкими давлатдорӣ, суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодӣ, ваҳдати миллӣ ва татбиқи стратегияҳои давлатӣ таъкид кард. Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҲХДТ ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар ҳама марҳилаҳои таърихии кишвар нақши созандаву эҳёгарона дошта, ҳадафҳои стратегии давлат ва барномаҳои миллӣ бомуваффақият амалӣ гардида истодаанд.
Дар назди ҳозирин шамчунин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро баромад намуда, оид ба фаъолияти ҳизбӣ, татбиқи барномаҳои созандаи ҲХДТ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, боло бурдани масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳми ҳизбиён дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия суханронӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳар як сокини мамлакат, хусусан масъулини сохторҳои давлатӣ ва фаъолони ҲХДТ бояд дар иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ, густариши корҳои созандагӣ, баланд бардоштани нерӯи истеҳсолӣ, тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон ва ҳифзи дастовардҳои давлати тоҷикон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Сипас ба як қатор фаъолони сиёсӣ, меҳнаткашон, омӯзгорон, табибон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ки дар соли равон бо фаъолияти созанда, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ ва таблиғу татбиқи сиёсати Пешвои миллат ва ҲХДТ муаррифӣ шуданд, Сипосномаҳои раиси ноҳия ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ супорида шуд.
Барномаи фарҳангӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона, шеъру сурудҳои тараннумгарои Пешвои миллат, Ватан, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолият идома ёфт.
Чорабинии сиёсиву тантанавӣ ба муносибати 31-солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар сатҳи баланд, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ҷамъбаст гардид.

