Имрӯз, 3 декабр дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон дар хоҷагии деҳқонии “Ҳайталӣ Менглиқулов” маросими оғоз бахшидани кишти картошка баргузор гардид.

Дар ин тадбири муҳим раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин, масъулин, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз фаъолону роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории ин иқдоми муҳими таҳкими амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишт, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ мебошад.

Раиси ноҳия зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки таъмини кишти дурнамои ҳамаи намуди зироатҳо яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ноҳия бояд баҳри иҷрои нақшаҳо, аз ҷумла зиёд намудани истеҳсоли картошка, пиёз ва сабзӣ, саҳми муносиб гузорад. Ҳамчунин, ба масъулон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат, коркарди дурусти хок ва истифодаи тавсияҳои олимону мутахассисон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мутахассисони соҳа ва шахсони таҷрибадор, ки дар чорабинӣ ҳузур доштанд, ба деҳқонон оид ба технологияҳои муoсири коркарди замин, бобати пешгирӣ аз хасташавии хок, истифодаи нуриҳои минералӣ, нуриҳои алтернативӣ ва усулҳои самарабахши обёрӣ тавсияҳои илмиву амалии муфид пешниҳод карданд. Иброз доштанд, ки дар сурати татбиқи пурра ва босифати ин тавсияҳо, хоҷагӣ метавонад ҳосили баланд ва маҳсулоти рақобатпазир ба даст орад.

Дар доираи оғоз бахшидани мавсими кишт, раиси ноҳия шахсан бо техникаҳои кишоварзӣ ва навъҳои тухмии интихобшуда шинос гардида, ба раванди амалӣ шудани корҳои аввалияи кишти картошка оғоз бахшид.

Тавре қайд карда шуд, хоҷагии деҳқонии “Ҳайталӣ Менглиқулов” мақсад дорад дар мавсими имсола ҳаҷми истеҳсоли картошкаро назаррас афзоиш дода, дар беҳбуди таъминоти бозори дохилӣ ва боло бурдани сатҳи фаровонии мардум саҳми муносиб гузорад. Майдони интихобшуда барои кишт бо техникаҳои соҳавӣ хуб омода ва тахту ҳамвор карда, дар ин рӯз дар хоҷагии мазкур зиёда аз 1,2 гектар картошка кишт карда шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.