ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ЁВОН
1 декабр, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи навбатии Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси ноҳия- раиси Комиссия ифтитоҳ намуда, оид ба вазъи омодабошии зерсохторҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои эҳтимолии фавқулода сухан ронд. Зикр гардид, ки бо дарназардошти тағйирёбии шароити обу ҳаво, эҳтимоли афзоиши хавфи офатҳои табиӣ ба монанди селу ярч, лағжиши кӯҳ, яхбандӣ, боришоти шадид, шамолҳои пурзӯр, инчунин хатари сӯхтор дар мавсими зимистон ба миён меояд. Аз ин рӯ, мақомоти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор бояд ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.
Сипас оид ба фаъолияти Комиссия, сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон подполконик Вализода Муҳаммад Раҷаб оид фаъолият дар давраи сипаригаштаи соли ҷорӣ гузориш доданд
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои пешгирӣ ва кам кардани хатару пайомадҳои офатҳои табиӣ, бо маводи зарурӣ таъмин будани бахши мудофиаи гражданӣ, фаъолият ва омодагии гурӯҳҳои имдодрасон, захираи маводҳои аввалиндараҷа, техника ва нақлиёти хизматӣ, инчунин ҳолати объектҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори муҳандисӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Таваҷҷуҳи хоса ба коромӯзӣ, гузаронидани машқу омӯзишҳои амалӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ равона карда шуд.
Тибқи гузоришҳои масъулон, дар зерсохторҳои дахлдор як қатор корҳои омодагӣ ба мавсими сард анҷомдодашуда, ҷиҳати мустаҳкамкунии соҳилҳо, тоза намудани ҳавзҳо, танзими ҷараёни об дар каналҳо, назорати диверсияи шабакаҳои обгузар ва роҳҳои автомобилгард тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки назорати доимӣ аз ҳолати манзилҳои маҳаллҳои хавфнок, ҷобаҷогузории аҳолии эҳтимолан осебпазир ба ҷойҳои амн, ҳифзи чорво ва моликияти шаҳрвандон бояд зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта бошад.
Раиси ноҳия ба роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бахши ҳолатҳои фавқулода, шуъбаи маориф, тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар сохторҳои марбута супориш дод, ки нақшаи кории муфассал таҳия намуда, иҷрои босифату саривақтии тадбирҳои пешгирикунандаро таъмин намоянд. Инчунин зикр гардид, ки дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои ногувор, ҳамоҳангию ҳамкорӣ байни хизматрасониҳо бояд фаврӣ, дақиқ ва самаранок амалӣ гардад.
Дар анҷоми ҷаласа қарори дахлдор қабул шуда, масъулин барои иҷрои супоришҳо муҳлат ва вазифаҳои мушаххасбандӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки фаъолияти Комиссия минбаъд низ дар самти пешгирӣ, омодагӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода беш аз пеш тақвият дода шуда, назорат доимӣ ба роҳ монда шавад.

