ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН
Дирӯз дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногун доир гардид.
Роҳмаймоӣ бо иштироки беш аз 7500 ҳазор нафар аз ҳисоби кормандони касбу кори сохторҳои гуногун, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳизбиёни фаъол, варзишгарон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар фаъолони ноҳия ширкат намуданд.
Дар майдони назди бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии тантанавию фарҳангӣ доир гардид.
Зикр гардид, ки миллати сарбаланд ва куҳанбунёди тоҷик беш аз ҷор ҳазор сол қабл соҳиби парчам буд ва онро ҳамчун рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору номус эҳтиром менамуд ва дар тӯли таърих зери ливои хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардааст ва хоҳад кард.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори бевоситаи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 24-уми ноябр сурат мегирад, барои мардуми кишвар беназир ва арзишманд дониста мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи мондагору тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин санаи таърихӣ ҳамасола аз ҷониби сокинони кишвар бо ифтихор ва самимияти хоса таҷлил карда мешавад.
Дар қисмати охир барномаи бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ин санаи таърихӣ баҳри болидахотирии иштирокчиён, ки тараннумгари Меҳан, Истиқлолият, Сулҳ ва Ваҳдат буд, чорабиниро хотима бахшид.

