ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН

ВАЛИЗОДА ИКРОМИДДИН СИРОҶИДДИН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз дар кишвари азизамон боз як санаи муқаддас ва рамзи комили давлатдорӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик- Рӯзи Парчами давлатӣ дар фазои сулҳу субот таҷлил гардида истодааст.

Бо эҳсоси ифтихори бузург ва рӯҳбаландӣ, ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар фарди кишвар нишонаи ягонагӣ, истиқлолият ва ҳувияти миллии мебошад, самимона табрику муборакбод гуфта, орзуманди он ҳастам, ки ин рамзи муқаддас дар фазои Ватани маҳбубамон бо шуълаи офтоби Истиқлолият то абад парафшон бошад.

Қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатӣ ҳамчун иқдоми олии ватандӯстона ба оини давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшида, мардуми Тоҷикистон ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши Парчами давлатӣ дар муаррифии халқи соҳибтамаддуну кӯҳанбунёди тоҷик ва давлату миллат ҳамчун посдорандаи муқаддасоти миллии тоҷикон таъкид намуданд, ки “Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодию фарҳангиро бо аксар кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд”. Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин Парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.

Парчами давлатӣ нишони соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ, ифодакунандаи таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик буда, рамзи муқаддаси давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу ори ҷомеа мебошад ва ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвари кишварро водор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷгузор бошанд. Он бо рангу тарҳи худ моро ба ёди таърихи пурифтихори давлатдории миллӣ, қаҳрамониву мардонагӣ ва ваҳдати миллӣ меорад.

Дӯстони иззатманд!

Дар шароити имрӯза, ки тағйироту таҳаввулоти ғайриинтизори ҷаҳони муосир ва бархӯрди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷаҳон ба вусъат ёфтани хатару таҳдидҳои нав ва тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шароит фароҳам меоварад, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, давлату давлатдорӣ ва фазои орому осудаи кишвари азизамон- Тоҷикистон беш аз пеш аҳамият пайдо менамояд.

Дар ин росто мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро хотирнишон созам, ки дар ҷаҳони имрӯза зиёда аз 37 миллатҳое ҳастанд, ки зиёда 20 миллион нафар аҳолӣ доранд ва аҳолии ин давлатҳо маҷмуан 300 миллион нафарро ташкил медиҳад, соҳиби давлат, Конститутсия нестанд ва Парчами давлатии худро надоранд.

Дар тӯли таърих халқи тамаддунсолори тоҷик вобаста ба ҳадаф ва мақсадҳои сиёсатҳо, муборизаю таҳдидҳои бегонагон ҳеҷ гоҳ парчами худро аз даст надода, онро ҳамчун муқаддасоти олӣ, нишонаи шараф, номус ва ғурури миллат ҳифз намудааст.

Аз ҳамин лиҳоз ҳар як нафари мо, махсусан ҷавононро зарур аст, ки таҳти сиёсати ояндабинона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва парфишонии Парчами давлатӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, арзишҳои давлату миллат ва дастовардҳои даврони истиқлоламонро сарбаландона ҳифз намоем.

Тамаддуни парчамдорӣ, ки реша дар гузаштаҳои дури фаротаърихӣ дорад барои миллати тамаддунофару соҳибэҳтироми тоҷик аз замони шоҳони Каёнӣ оғоз ёфта, ҳамчун рамзи муқаддасоти давлатдорӣ шинохта шудааст.

Эҳтиром ба Парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Парчами давлатии мо дар ҳар гӯшае баёнгари мавҷудияти миллату давлат аст. Дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, ки Тоҷикистон узви онҳо мебошад, Парчами мо партавафшонӣ мекунад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Рӯзҳои пурифтихор ва ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла Рӯзи Парчам, таърихи гуворои гузашта, дастовардҳои имрӯза ва ормонҳои фардои моро таҷассум менамоянд. Мо бояд ин рамзҳои давлатии худро ҳифз кунем, ба наслҳои оянда арҷ гузорем ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ҳамоҳангӣ ва субот зиндагӣ кунем.

Имрӯз бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва пешрафти кишвар, мебояд ҳар фарди ноҳия дар ҳама самтҳои ҳаёт, алалхусус иқтисод ва кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии сокинони саҳми худро гузоранд. Танҳо бо ҳамдиливу муттаҳидӣ ва меҳнати софдилона мо метавонем зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар созем ва шарафи Парчами давлатии худро ҳифз намоем.

Бо итминон иброз менамоям, ки муҳаббат ба Парчам ва Ватан ҳамеша дар қалбҳои мо зинда хоҳад монд ва бо амалҳои созанда ва софдилонаи худ мо рушду шукуфоии Ватани азизамонро таъмин мекунем. Дар охир ба ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони ноҳия саломатӣ, саодатмандӣ, комёбиҳои беназир ва пешрафти бонизом орзу менамоям.

Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро ба ҳамаи Шумо табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзҳои хушу фаровон, файзу баракат, хуррамиву осоиштагӣ орзӯ менамоям.

Бигузор, Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонад.

Саломату саодатманд ва мисли Парчами давлатӣ сарбаланд бошед!

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.