ЛИМОНИ ЁВОН — ТАҶРИБА ВА ИМКОНИЯТ ДАР ТАБИАТ, НАТИҶА ДАР ЗАМИНҲОИ ЛАЛМӢ
20 ноябр раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо мақсади шиносоӣ бо вазъи умумии истеҳсол, раванди нигоҳдорӣ ва истифодаи усулҳои муосири агротехникӣ аз рафти фаъолияти гармхонаи истеҳсолии лимӯ ва апелсин, ки дар деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова амал мекунанд, боздид ба амал овард.
Дар ҷараёни боздид дар ин гармхонаҳо парвариши лимӯ ва апелсин бо истифода аз поруи табиӣ ва риояи талаботи зарурии агротехникӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳз татбиқи ин усули солим ва иқтисодии парвариш имконият медиҳад, ки маҳсулоти тозаву табиӣ истеҳсол гардида, ҳамзамон ҳосилнокӣ баланд нигоҳ дошта шавад.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо фаъолияти гармхона ба масъулину соҳибкорон вобаста ба вусъат бахшидани майдони парвариши меваҳои субтропикӣ, баланд бардоштани сифати сабзаву меваҳои истеҳсолшаванда, истифодаи дурусти поруи табиӣ ва ҷалби мутахассисони соҳа дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таъкид карда шуд, ки бо дастгириву тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус сиёсати созандаи Пешвои миллат, имкониятҳои ноҳия дар самти рушди гармхонаҳо ва истеҳсоли меваҳои солим ба таври чашмрас васеъ гардида истодаанд. Бо назардошти талаботи бозор, зиёд намудани истеҳсоли лимӯ ва апелсин дар гармхонаҳо барои беҳбуди сатҳи таъминоти аҳолӣ ва густариши иқтидори содиротӣ аҳамияти хоса дорад.
Дар анҷом раиси ноҳия Икромиддин Вализода аз фаъолияти масъулини соҳаи кишоварзӣ қадрдонӣ намуда, иҷрои саривақтии корҳои агротехникӣ, назорати қатъии саломатии ниҳолҳо ва истифодаи мақсадноки имкониятҳои мавҷудаи гармхонаҳоро муҳим арзёбӣ кард.

