ТАБРИКОТИ РАИСИ НОЩИЯИ ЁВОН ВАЛИЗОЛДА ИКРОМИДДИН СИРОҶИДДИН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА 33 — СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16- УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМУҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таърихи давлатдории миллии мо, ки имрӯз мардуми сарбаланду саодатёри Тоҷикистони маҳбуб бо эҳсоси ифтихору садоқат ба Ватан 34-умин солгарди онро таҷлил менамоянд, дар худ рӯйдоду воқеаҳои сарнавиштсозеро таҷассум мекунад, ки дар роҳи эҳёи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими пояҳои миллӣ ва эҳёи шуҳрату шарафи тоҷикон нақши таърихиву тақдирсоз дорад, ки бо гузашти солҳо на танҳо моҳият ва арзиши бештар касб менамоянд, балки ҷойгоҳи таърихии он боз ҳам баландтар мегардад.

Таҷлили Рӯзи Президент ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) аз ҷумлаи чунин ҷашнвора ва падидаи сарнавиштсози муҳимтарини саҳифаҳои таърихи давлатдории навини мо буда, дар таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати устувори миллӣ саҳм гузоштааст, ки он бо хатҳои заррин сабт гардидааст.

Бо ифтихор ва сарфарозӣ ҳамаи ҳамдиёрони гиромиро ба муносибати Рӯзи Президент ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош намуда, бароятон саломатӣ, рӯзгори ободу осуда, файзу баракат, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон- Тоҷикистони маҳбуб сулҳу субот ва истиқлолияту ваҳдати бегазандро орзу менамоям.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонҷашни ҳар як фарди худшиносу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз ин тантанаи амният, суботу ягонагӣ, сарҷамъӣ, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ аст.

Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мардуми шарифи кишвар Ҷаласаи қисмат арзёбӣ мегардад, 16-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гашт, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва дар ҳамин Иҷлосия ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколати сардори давлат вогузор гардид.

Ин Иҷлосия на танҳо як воқеаи сиёсӣ, балки рӯйдоди тақдирсоз ва наҷотбахши миллат буд. Дар ҳамон лаҳзаҳои сарнавиштсоз, ки хатари парокандагӣ ва нобудшавии давлати ҷавони Тоҷикистон вуҷуд дошт, фарзанди шуҷоъ, сиёсатмадори оқил ва раҳбари хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллат ба арсаи сиёсат қадам гузоштанд ва бо иродаи қавӣ, ҷасорату ватандӯстӣ Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ берун оварданд.

Маҳз бо сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат сулҳу оромӣ, ваҳдат ва якдилии миллӣ барқарор гардид. Имрӯз Тоҷикистони мо дар ҳамаи самтҳо сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳамчун кишвари сулҳпарвару устувор дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақш ва моҳияти ҳамин Иҷлосия дар таҳкими давлатдории мо борҳо иброз доштанд, ки “Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Зеро, он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд ва дастархонашро пурфайз кард”.

Роҳбари давлат аз рӯзи аввали ба вазифа шуруъ кардан ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давраҳои мушкил ҳалқаҳои аз ҳам гусастаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайвастанд, миллати азияткашидаро аз вартаи нобудӣ ба раҳоӣ бахшида, як давлати соҳибистиқлолу воҳидро эъмор карданд ва барои Тоҷикистони маҳбуб худ девору қалъа гардиданд.

Роҳбари давлат дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷанги таҳмилиро хомӯш ва сохтори фалаҷгардидаи тамоми шохаҳои ҳокимиятро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонда, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ сохтанд.

Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд ва дар эъмори ҷомеаи навини тоҷикон заминаи устувор гузоштанд.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Маҳз, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Обрӯ ва нуфӯзу эътибори Пешвои миллат ҳамчун Арбори барҷастаи сиёсию давлатӣ на танҳо дар миёни мардуми кишвар, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун чеҳраи намоёни арсаи сиёсат, сиёсатмадори номдору тавоно, бунёдгузор ва кафили сулҳу салоҳ дар минтақа шинохта, эътироф ва арҷгузорӣ мекунанд ва Тоҷикистон ба ҷаҳониён на танҳо ҳамчун давлати сулҳпарвар, балки ҳамчун маркази ташаббусҳои байналмилалии амниятӣ ва экологии минтақа шинохта шудааст.

Бо ифтихор гуфта метавонем, ки зери сиёсати дурбинонаи Роҳбари давлат Тоҷикистон имрӯз ба се ҳадафи стратегӣ: “Истиқлолияти энергетикӣ”, “Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ”, “Таъмини амнияти озуқаворӣ” наздик шуда, марҳилаи нави саноатикунонии босуръати кишварро оғоз кардааст.

Сохтмони нерӯгоҳҳои бузург, роҳу пулҳои муосир, иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва бунёди ҳазорҳо муассисаҳои таълимиву тиббӣ далели равшани онанд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар роҳи созандагиву пешрафт устувор қадам мегузорад.

Илова бар ин, бояд таъкид созам, ки бо сиёсати ботадбиронаи Пешвои миллат имрӯз кишвари мо бо беш аз 180 давлати дунё робитаҳои дипломатӣ ва 160 давлат робитаҳои иқтисодӣ дошта, узви зиёда аз 55 бонуфузтарин созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби мақому манзалати шоиста мебошад ва ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Ба хотири тақвияти худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳанг ва арзишҳои миллии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо барномарезиҳои ҳадафманд хотираи таърихии миллатро эҳё ва барқарор намоянд.

Барои амалӣ гардидани ин ҳадаф, бо супориши бевоситаи он кас симои як силсила абармардони таъриху фарҳанги миллат эҳё шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, ки Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҳамчунин, чун рамзи сипоси абадии мардуми Тоҷикистон барои хидматҳои беназирашон ба як зумра абармардони таъриху фарҳанг, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур барои хидмаҳои бузургашон унвони олитарин- «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Инчунин, дар беҳтарин тарҳ ба нашр расонидан ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас кардани китоби бузурги “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷони Ғафуров ва шоҳасари безаволи ҳакими суханвар- Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар роҳи эҳёи ҳофизаи таърихӣ, худшиносию худогоҳии мардум, дӯст доштани таъриху фарҳанги гузашта басо беназитр аст, аз ҳамин тадбирҳои хирадмандонаи Роҳбари давлат шаҳодат медиҳад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як санаи ҷашнӣ нест- ин рӯзи шинохти худ, рӯзи арҷгузорӣ ба давлату миллат ва рӯзи изҳори садоқат ба Пешвои миллат аст.

Мо имрӯз бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, аз истиқлол ва аз роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат бо итминон мегӯем: Тоҷикистон зери парчами ваҳдат ва сиёсати Пешвои миллат рӯ ба фардои дурахшон дорад! Бигузор рӯҳи ватандорӣ, ҳисси масъулият ва садоқат ба Пешвои миллат дар дилҳои ҳар яки мо устувор боқӣ монад.

Бо итминон изҳор менамоям, ки бо меҳнати содиқона, бо ваҳдату ҳамбастагӣ ва бо пайравӣ аз сиёсати Пешвои миллат, ноҳия ва тамоми Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару пешрафтатар хоҳад шуд.

Бо умеди он ки Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмаомалӣ Раҳмон ҳамеша собитқадам бимонад, бори дигар Рӯзи Президент ва 33-юмин солагрди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи сокинони ноҳия ва мардуми шарифи кишвар муборакбод гуфта, бароятон хонаи обод, сиҳату сарбаландӣ ва орому осудагии абадиро орзу менамоям.

Тоҷикистон бо Пешвои миллат- ба сӯи фардои дурахшон!

Саломату саодатманд бошед!

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.