ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 33 — СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ

Дирӯз, дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Икромиддин Вализода, собиқадорон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ибтидо роҳбарияти ноҳия ва ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаҳои илму маориф, варзиш ва кишоварзию қаннодӣ дидан карданд.

Дар оғози ҳамоиш иштирокчиён бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири истиқлоли давлатӣ ва заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ намуданд.

Сипас раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин баромад намуда, Рӯзи Президентро яке аз ҷашнҳои муҳимми сиёсиву давлатӣ арзёбӣ карда, зикр карданд, ки қабули ин рӯз ҳамчун ҷашни давлатӣ ифодаи эҳтироми халқ ба хизматҳои беназири Сарвари давлат дар ташаккули давлати миллӣ, таҳкими истиқлолият, барқарор намудани сулҳу субот ва бунёди давлатдории навини тоҷикон мебошад.

Гуфта шуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тонҷашни ҳар як фарди худшиносу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз ин тантанаи амният, суботу ягонагӣ, сарҷамъӣ, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ аст.

Таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 33 сол аз баргузории он мегузарад, саҳифаи сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини мо буда, маҳз дар ҳамин Иҷлосия пояҳои воқеии сулҳ, ваҳдати миллӣ, низоми давлатдорӣ ва ҳадафҳои стратегӣ гузошта шуданд. Ин рӯйдод ба миллати тоҷик итминон бахшид, ки роҳи пешрафту шукуфоии кишвар танҳо тавассути иттиҳоду ҳамбастагӣ, ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат имконпазир аст.

Дар ҳамин зим, вакили Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббек Қодиров суханронӣ карда, иброз доштанд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ на танҳо як воқеаи сиёсӣ, балки рӯйдоди тақдирсоз ва наҷотбахши миллат буд. Дар ҳамон лаҳзаҳои сарнавиштсоз, ки хатари парокандагӣ ва нобудшавии давлати ҷавони Тоҷикистон вуҷуд дошт, фарзанди шуҷоъ, сиёсатмадори оқил ва раҳбари хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллат ба арсаи сиёсат қадам гузоштанд ва бо иродаи қавӣ, ҷасорату ватандӯстӣ Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ берун оварданд.

Роҳбари давлат аз рӯзи аввали ба вазифа шуруъ кардан ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Дар ҷараёни чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунарармандони шуъбаи фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия пешниҳод гардид. Сурудҳо ва шеъру таронаҳо дар васфи Ватан, Президент, сулҳ ва ваҳдат иҷро шуда, муҳити тантанавӣ ва рӯҳбаландсоз фароҳам оварданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.