ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ЁВОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2025
Имрӯз, 15 октябр, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон дар нуҳ моҳи соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурзода Хуршед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардорони раёсатҳо, раисон, муовинон ва мутахассисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот роҳбарони хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ, сархатиб, эмомхатибон ва имомони масҷидҳои ҷомеа ва панҷвақта даъват карда шудаанд, иштирок доранд.
Ҷаласаро раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода ҳусни ифтитоҳ бахшида, имрӯз кишвари мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як марҳалаи нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ қарор дорад ва барои расидан ба он нақшаву барномаҳо, ҳадафҳои давлатӣ беш аз ҳарвақта масъулият ва меҳнати пурмаҳсулро талаб менамояд.
Раванди тағйирёбӣ дар иқтисодиёт, рушди илу инноватсия ва рақобатнокии иқтисоди ҷаҳонӣ имрӯз аз ҳар яки мо талаб менамояд, ки бо як дили гарм, иродаи устувор, андешаи давлатсозӣ, дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ ва бо азму нияти онки ободию пешрафт ва ба табдил додани ҳар як гӯшаи Тоҷикистони муқаддас ба як гулзор вазифаи мост. Таъкид карда шуд, ки давраи сипаригаштаи соли ҷорӣ барои тамоми мардуми ноҳия бобарор буда, сокинон бо меҳнат ва заҳмати аҳлонаю содиқона дар рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Сипас гузориш оид ба дастовардҳои ноҳия дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ гузориши муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат шунида шуд.
Дар ҳамин давра, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 3 млрд. 268 млн. 508,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 300 млн. 409,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 416 млн. 592 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 млрд. 851 млн. 916,3 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Дар қиёс ба нуҳ моҳи соли қаблӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бо нархи муқоисавӣ 168 млн. 460 ҳазор сомонӣ зиёд (113,5 %) ва ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ (бо нархи ҷорӣ) 131 млн. 949 ҳазору 300 сомонӣ зиёд (107,7 %) мебошад.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2025 корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳия ба маблағи 1 млрд. 416 млн. 592 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 168 млн. 460 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш дар ин давра 113,5 фоизро ташкил дод.
Аз корхонаҳои сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 66 ҳазору 130 тонна ва аз корхонаи ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент» ба миқдори 126 ҳазору 250 тонна семент, дар маҷмуъ 192 ҳазору 380 тонна семент, ки маблағи 102 млн. 385,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба хориҷи мамлакат содирот гардид.
Дар ин муддат, 6 адад корхонаҳо, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли маҳсулот аз пластикаи ҶДММ «Файзалӣ пластик» бо 2 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли хишти сементии ҶДММ «Девори Ёвон» бо 5 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли мебели ҶДММ «Диловар мебел» бо 2 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли газоблоки ҶДММ «Фаррух ва компания» бо 5 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмонии ҶДММ «Дастгирии Ёвон» бо 6 ҷойи корӣ ва коргоҳи истеҳсоли газоблоки ҶДММ «Пойдор саноат» бо 5 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо саҳми соҳибкорон ба маблағи 22,6 млн. сомонӣ 39,8 км. роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ва байниҷамоавӣ мумфарш, ба маблағи 2,1 млн. сомонӣ 69 км. сангфарш ва дар 5,3 км ҳудуди шаҳраки Ёвон корҳои таъмирӣ ҷорӣ гузаронида шуд.
Дар майдони 32 ҳазору 663 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 470 гектар зиёд мебошад.
Аз кишти анҷомдодашуда 11464 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо, 10 ҳазору 922 гектар зироатҳои техникӣ, аз он 10325 гектар пахта, 543 гектар картошка, 2052 гектар сабзавот, 1610 гектар полизӣ ва 6072 гектар зироатҳои хӯроки чорворо мебошад.
Дар ин давра, дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия 111813 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 56773 сар модагов, 237941 сар гӯсфанду буз, 250265 сар паранда, 6616 сар асп ва 5157 оилаи занбури асал парвариш ёфта истодааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, 55228 тонна ғалла, 20974 тонна пахта, 8902 тонна картошка, 77128 тонна сабзавот, 67392 тонна полезӣ, 15828 тонна мева, 7393 тонна гӯшт, 26735 тонна шир, 11 млн. 742,4 дона тухм, 286 тонна пашм, 21,4 тонна пилла ва 72 тонна асал мебошад, ки ин рақамҳо нисбат ба нуҳ моҳи соли қаблӣ 16266 тонна пахта, 10762 тонна полезӣ, 3289 тонна мева, 962 тонна ангур, 305 тонна шир, 75,1 ҳазор дона тухм, 12 тонна пашм ва 1 тонна асал зиёд истеҳсол гардидааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 561 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин ҷониб аз иншооти банақшагирифташуда 503 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки 89,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Баистифодадиҳии иншоот вобаста ба солҳо чунин арзёбӣ мегардад: соли 2022 49 иншоот ё худ 50 фоиз, соли 2023 85 иншоот ё худ 48,5 фоиз, соли 2024 88 иншоот, ё худ 64,2 фоиз ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бошад 279 иншоот, ё худ 180 фоиз мебошад.
Дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳудуди ноҳия як қатор иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла мактаб, бунгоҳи тиббӣ марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд, ки ин нишонаи дастовардҳои меҳнатии сокинони ноҳия ва татбиқи сиёсати созандаи давлат мебошад.
Намояндаи Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтмоии ноҳя дар нуҳ моҳи соли ҷориро хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани тадбирҳо дар ҳамаи самтҳо ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои молия, андоз ва корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълими ғайриқонунии динӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ноҳия, вусъат додани корҳои ободониву созанддагӣ дастуру маслиҳат ва тавсеаҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар се моҳи боқимондаи соли 2025 тамоми захираву имкониятҳоро барои иҷрои пурраи нақшаҳои истеҳсолӣ, ҷамъоварии ҳосили боқимонда, афзун намудани воридоти буҷет ва таъмини суботи иҷтимоӣ равона созанд.
Дар поёни маҷлис масъалаҳои муҳим, аз ҷумла баланд бардоштани фарҳанги меҳнат, рушди соҳаи кишоварзӣ дар фасли зимистон, ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ барои захира, тақвияти корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо натиҷагирӣ аз муҳокимаҳо қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳои мушаххас барои ҳар як сохтору ҷамоат муайян карда шуданд.

