ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН ВАЛИЗОДА ИКРОМИДДИН СИРОҶИДДИН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Ҳамдиёрони азиз!
Боиси ифтихори бузург аст, ки бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати забони тоҷикӣ то сатҳи забони давлатӣ бардошта шуда, қонуни махсус ва тамоми заминаҳои ҳуқуқию сиёсӣ баҳри рушди он фароҳам оварда шудааст. Имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муоширати рӯзмарра, балки василаи муҳимтарини худшиносию худогоҳӣ, ягонагии ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сокинони ноҳияи Ёвон ва мардуми шарифи кишваррро самимона табрику шодбош гуфта, бароятон, пеш аз ҳама тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда ва тамоми хушбахтиҳоро орзумандам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид иброз доштанд, ки “Забон чун рукни ҷудонашавандаи маънавӣ бо ҳаёти миллати тоҷик пайванди қавӣ дошта, дар тӯли ҳастии худ чун далели раднопазири қадима будани миллати тоҷик, нигоҳдорандаи мероси бебаҳои ниёгон, пайвандгари миллат ва воситаи муошират хидмат кард ва ин рисолати муқаддаси худро дар замони истиқлол низ идома медиҳад”.
Воқеан, забони тоҷикӣ ҳамчун мероси бузурги ниёгони некноми мо, риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазор солаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаёт бахшодааст.
Таърихи давлатдории башар исбот намудааст, ки ҳастии миллат ба ҳастии забони ӯ вобаста аст ва ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегарданд.
Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оини рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳлои оянда арзёбӣ мегардад.
Забони мо воситаи муқтадири сарҷамъии миллати мо ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.
Мехоҳам тазаккур диҳам, ки дар ҷаҳон як зумра миллату халқиятҳое ҳастанд, ки дар тамаддуни инсоният аз худ осори бузургеро ба мерос гузоштаанд, вале имрӯз бо иллати аз даст додани забони модарӣ бо номи миллати хеш вуҷуд надоранд. Бинобар ин, бояд гуфт, ки маҳви забон ба маҳви миллат ва мардумони соҳибзабон мегардад.
Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ таърихи бисёр пурфоҷиаро паси сар намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои сангин гузашта, ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони фарзонааш дар шакли зебову ноб, бо захираҳои ғаниву рангини луғоту таъбирот бароямон мерос мондааст.
Воқеан ҳам, забони тоҷикӣ бо осори пурғановати устоди шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пойдор гардида, умри ҷовидона касб кард. Минбаъд ин забон дар осори бузургоне чун Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Нақибхони Туғрал, Тошхоҷа Асирӣ ва ҳазорон суханварони дигар ғановат ва шукӯҳу шаҳомати хоса дарёфт.
Дӯстони иззатманд!
Шоистаи зикр аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт ва фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо созмонҳои ҷаҳонӣ дар конфоронсу симпозиумҳо ва дигар ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ пайваста садо дода, боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат гардидааст.
Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашем. Сайқал додани фарҳанги муошират бо забони давлатӣ, поку бегазанд нигоҳ доштани он аз ҳар гуна унсурҳои номақбул, инчунин, дар қалбу зеҳни наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа бедор намудани ҳисси эҳтиром ба забони модарӣ аз зумраи вазифаҳои муҳимтарин ва доимии ҳар шахси соҳибватан мебошад.
Вазъи ҷаҳони имрӯза, бархӯрди тамаддунҳо ва омезиши фарҳангҳои гуногун ҳар яки моро беш аз пеш вазифадор месозад, ки дар баробари ифтихор доштан аз гузаштагони маорифпарварамон, барои рушду тавсеаи забони бойу пурғановати худ бештар саъю талош варзем.
Мардуми бофарҳанги тоҷик ҳамеша аз тариқи забони ширини модарӣ асарҳои нотакрори илмиву адабӣ офарида, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳм гузоштааст. Имрӯз низ вазифаи насли имрӯза дар он аст, ки ин мероси бузурги маънавиро пос дошта, забони давлатиро чун гавҳари бебаҳо ҳифз ва ғанӣ гардонад.
Мехоҳам ҳамин нуктаро таъкид созам, ки дар шароити имрӯза бояд ҳар яки мо, аз хизматчиёни давлатӣ сар карда, то устоду омӯзгор ва ҳар нафаре, ки худро вориси фарҳанг ва тамаддуни оламгири тоҷикӣ медонад, бояд кӯшиш намояд, ки дар гуфтори худ меъёрҳои забони адабиро риоя намуда, барои ба забони омма табдил ёфтани он ҳиссагузор бошад.
Дар охир бори дигар ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ, устодону омӯзгорон ва сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат, бахту саодат ва ба корҳои созандаатон муваффақиятҳои нав орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

