ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН ИКРОМИДДИН ВАЛИЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
Омӯзгорони арҷманд, кормандони соҳаи илму маориф!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба мақоми омӯзгор чунин таъкид кардаанд: “Омӯзгор меъмори ҷомеа аст, зеро маҳз омӯзгор ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон дониш медиҳад, ҷаҳонбинии онҳоро ташаккул медиҳад ва онҳоро ба инсонҳои комил табдил медиҳад.”
Дар кишвари азизи мо ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр ба хотири қадр кардани заҳмату фаъолият ва хизматҳои содиқонаву самимонаи омӯзгорон, устодон ва аҳли илму маърифат ҳамчун Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.
Ба муносибати ин иди фархунда Шумо устодон ва кулли кормандони соҳаи маорифро самимона табрик намуда, бароятон саломатии комил, зиндагии ободу осуда, бахту саодат ва дар фаъолияти пурмаҳсулу бошарафатон пешравиҳои арзандаро орзӯ менамоям.
Муаллимону омӯзгорон машъалафрӯзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шуълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омӯхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрӯзанд. Ба ибораи дигар устодон шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш мебошанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои илму маорифпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибори омӯзгор ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа афзун гардид, зеро пешрафти тамоми соҳаҳо аз фаъолияти пурсамари омӯзгор вобаста аст.
Муаллим, устод, омӯзгор. Воқеан, чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро барои тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад.
Муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Агар он заҳматҳои устод намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонданду дунё тираву тор мегарднд.
Аз рӯзи аввали ба мактаб қадам монданамон муаллим моро бо рӯйи кушоду чеҳраи хандон пешвоз мегирад ва ба мо хондану навиштан, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва гуфтору рафтори одамиро меомӯзонад. Пас аз чанд сол бо ҳамон чеҳраи кушод ба зиндагии мустақилона мегуселонад.
Муҳтарам омӯзгорон!
Ҳамагон медонем, ки омӯзгор мақому мартабаи махсус дорад. Дар фарҳанги мо муаллимро “чароғи маърифат”, “устоди зиндагонии рӯшан” ва “меъмори ҷомеа” мегӯянд. Омӯзгор шахсияти беназирест, ки бо қалби гарм ва қалами доно роҳи илму маърифатро барои насли ҷавон равшан месозад.
Пешвои маорифпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақши илму маориф дар ташаккули ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин таъкид намудаанд: “Бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад”.
Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии омӯзгорон ва кормандони соҳаи илму маориф пайваста таваҷҷӯҳи хоса зозир менамояд. Баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз аз 1 сентябри соли ҷорӣ аз зумраи татбиқи ҳамин гуфтаҳост.
Дар партави амалисозии ҳамин сиёсати оқилона аз ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, бунёди иншооти соҳа, инчунин беҳбудии шароити моддиву маънавии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ мекунад.
Омӯзгор дар ҳамаи давру замон шахсияти барои ҷомеа ва пешрафти он заруртарин маҳсуб меёбад. Омӯзгор чароғест, ки бо нури илму маърифати хеш оламро мунаввар мекунад. Беҳуда нагуфтаанд: То шабҳои дароз ҷароғи рӯи мизи омӯзгор фурӯзон аст, ҷаҳони маънавии мо мунаввар хоҳад буд.
Дар воқеъ, пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам ба шумор рафта, бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад.
Ҷаҳони имрӯза бо таҳаввулоти ҷадид, бархӯрди тамаддунҳо босуръат тағйир меёбад. Давраи технологияҳои иттилоотӣ, ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди илмӣ ҷавонони моро водор месозад, ки бештар омӯзанд, ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд ва бо донишу малакаи муосир мусаллаҳ гарданд. Дар ин раванди мураккаб нақши асосӣ маҳз ба дӯши Шумо- омӯзгорон меафтад.
Шумо на танҳо омӯзгор, балки тарбиягар ва мураббии насли ояндаед. Омӯзгор шахсест, ки ба дилҳои наврасон меҳри Ватан, ҳисси худшиносӣ, ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ ва дӯст доштани илму донишро ҷой мекунад. Агар омӯзгор содиқу донишманд бошад, миллат солиму тавоно ва давлат пешрафта хоҳад шуд.
Иловатан таъкид месозам, ки имрӯз вазифаи ҳар як омӯзгор тарбия кардани насли худогоҳу хештаншинос, содиқу вафодор, навовару ихтироъкор ва боҷасорату ватандӯст мебошад. Зеро, агар насли ҷомеаи мо пеш аз ҳарвақта илму донишҳои замонро худро аз худ кунанд, соҳибмаърифату саводнок ва ватандӯсту созанда бошан оянда ба рушду пешрафт ва мураққии кишвари азизамон хизмати шоиста менамоянд.
Дар баробари ин, бояд ҷомеаи омӯзгорон бо волидайн ҳамкории зичро ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва маърифати фарзандони ҷомеа дар якҷоягӣ ҳамоҳанг бошанд.
Дар охир бори дигар ҳамаи омӯзгорону устодони арҷмандро, ки рисолати пуршарафи тарбияи насли наврасро ба уҳда доранд, ба муносибати Иди касбашон табрику шодбош гуфта, ба Шумо саломатӣ, барори кор, иқболи нек ва дар таълиму тарбияи фарзандони миллат муваффақиятҳои нав орзумандам.
Иди касбӣ муборак, омӯзгорони азиз!

