Дирӯз, дар толори маҷлисгоҳи Нозироти андоз дар ноҳияи Ёвон ҷаласаи Шурои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда» баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои марбута ва аъзои Шуро иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаи таъмини иҷрои пурраи талаботи қарори мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби масъулини прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҳисоботҳо шунида шуданд. Зикр гардид, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи асосии он таҳким бахшидан ба низоми ягонаи баҳисобгирӣ ва қайди ҷиноятҳо, инчунин таъмин намудани шаффофият ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Аъзоёни Шуро дар рафти муҳокима ба зарурати пурзӯр намудани назорати дохилӣ, такмили низоми иттилоотӣ ва ҳамкории муассир миёни сохторҳои дахлдор ишора намуданд. Ҳамчунин, барои ислоҳи баъзе камбудиҳои мавҷуда ва бартарафсозии сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҷиноят мусоидат мекунанд, супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар анҷом раиси Шуро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор дастур дод, ки иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати қатъӣ қарор дода шавад, баҳисобгирӣ ва қайди ҷиноятҳо бо риояи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда, натиҷаҳои иҷрои корҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шуро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шаванд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.