ПАХТА- ТИЛЛОИ САФЕД ВА ТАКЯГОҲИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
10 сентябр раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар майдони хоҷагиҳои пахтапарварии ҷамоати Норин бо ҷараёни ҷамъоварии пахтаи соли 2025 аз наздик шинос шуданд.
Дар ҷараёни боздид раиси ноҳия бо чинакчиён ва кишоварзон суҳбат намуда, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд доданд. Таъкид намуданд, ки кишоварзон бояд бо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ ҳосили мавҷударо саривақт ва бе талаф ҷамъоварӣ намоянд, зеро рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтапарварӣ, ба таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар саҳми назаррас мегузорад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурӣ барои фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ муҳайё карда шуда, масъулияти ҳар як шахс дар рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат хеле бузург аст.


