ИШТИРОКИ РАИСИ НОҲИЯ ДАР МАРОСИМИ КИШТИ ПУНБАДОНА

Имрӯз, 4 апрел, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин аз раванди корҳои кишоварзӣ дар ҳудуди деҳоти ба номи гулсара Юсуфова дидан карда, дар маросими расмии оғози кишти пунбадона иштирок намуданд. Дар ин чорабинии муҳими соҳавӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулини соҳаи кишоварзӣ, раиси ҷамоат ва деҳқонони фаъол иштирок намуданд.

Раиси ноҳия дар суханронии худ аҳаммияти рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус кишти пунбадонаро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими иқтисодиёти маҳаллӣ таъкид намуда, зикр кард, ки дастгирии пайвастаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва таъмин намудани онҳо бо тухмиҳои хушсифат, техника ва оби полезӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ мутахассисони соҳа оид ба тарзи дурусти кишт ва нигоҳубини пунбадона маълумот доданд ва корҳои амалии кишти аввалин анҷом дода шуданд.

Бояд гуфт, ки бо назардошти дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат ба масъулини мақомот ва идораҳои дахлдор барои рушди соҳаи кишоварзӣ доданд, имсол дар ноҳияи Ёвон 10485 гектар пунбадона кишт мегардад, ки аз ин 3000 ҳазор гектараш бо усули муосир анҷом дода мешавад.

Тибқи иттилои мутахассисон ва кишоварзони соҳибтаҷриба, ин усул ба коҳиши хароҷот ва афзоиши ҳосил мусоидат менамояд. Масалан, ҳангоми истифодаи технологияи зери плёнка ҳосилнокӣ то 45-50 сентнер аз ҳар гектар мерасад, ки нисбат ба усули анъанавӣ бештар мебошад.

Зимни суҳбат бо масъулин раиси ноҳия таъкид намуданд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.

Раиси ноҳия ҳамзамон иброз доштанд, ки масъулин ва кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои муосир ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар намоянд.

Деҳқонон дар навбати худ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ба рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз таҷриба ва усулҳои пешрафтаи кишоварзӣ, барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд кӯшиш хоҳанд кард.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.