БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ АЗ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ.
3 апрел, дар доираи омодагиҳо ба мавсими нави обрасонӣ раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати пойгоҳҳои обкашӣ ва раванди омодасозии онҳо барои мавсими обёрӣ аз якчанд пойгоҳи обкашии муҳими ноҳия боздид ба амал овард.
Зимни боздид, раиси ноҳия вазъи техникии таҷҳизоти пойгоҳҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, бо масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, мутахассисони соҳа ва дигар масъулин суҳбат оростанд. Мавсуф таъкид намуд, ки фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ барои таъмини оби полезӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти хоса дорад.
Зимнан, бо дастури роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии мутахассисони соҳа, якчанд пойгоҳҳои обкашии муҳим ба кор андохта шуданд. Раиси ноҳия аз сатҳи омодагии мутахассисон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулон дастур дод, ки барои таъмини босифати обёрии заминҳо ва истифодаи самараноки об тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамзамон, ба масъулон супориш дода шуд, ки нигоҳдории мунтазам ва таъмири саривақтии таҷҳизоти обкаширо таъмин намуда, ҳамкориҳоро бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар сохторҳои дахлдор тақвият бахшанд
Дар поёни боздид, раиси ноҳия иброз доштанд, ки рушди устувори соҳаи кишоварзӣ аз идоракунии дурусти манбаъҳои обӣ вобастагии калон дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.