МАЪРАКАИ ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН ДАР НОҲИЯИ ЁВОН.

Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 5 марти соли 2025, № 60 «Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2025, № 967 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998 — 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар маркази ноҳияи Ёвон чорабинии бошукӯҳи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доир намудани роҳпаймоии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин маросими тантанавӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои қудратӣ, афсарону сарбозон, волидайни наваскарон ва дигар фаъолону сокинон иштирок доштанд.
Навдаъватшавандагон аз назди комиссариати ҳарбии ноҳия бо парчамҳо ва шиорҳои ватандӯстона ба макони баргузории чорабинӣ раҳсипор шуданд. Дар ин роҳпаймоӣ бошукӯҳ садҳо нафар ҷавонони ихтиёрӣ иштирок карда, омодагии худро барои ҳифзи марзу буми Ватан ба намоиш гузоштанд.
Дар оғоз раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин баромад карда, изҳор доштанд, ки муҳофизати марзу бум қарзи ҳар як ҷавонмард буда, хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан мебошад. Бо шарофати соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон давлати мо соҳиби Артиши миллӣ ва неруҳои низомии пуриқтидор гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар такягоҳи давлат ва сипари миллат, кафили амнияту осоиш, сулҳу субот, ҳифзи истиқлолият ва марзу буми Тоҷикистони азиз мебошад.
Дар идома аз номи волидайни наваскарон яке аз модарон сухан карда, изҳори қаноатмандӣ намуд, ки фарзандаш бо ифтихор ба хизмати Ватан рафта, рисолати шаҳрвандии худро иҷро мекунад.
Ҳамзамон, аз номи волидайни наваскарон яке аз модарон сухан карда, изҳори қаноатмандӣ намуд, ки фарзандаш бо ифтихор ба хизмати Ватан рафта, рисолати шаҳрвандии худро иҷро мекунад.
Бояд ёдовар шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 180 нафар ҷавонон, ки имрӯз ба сафи артиш шомил мешаванд, дар курсҳои кӯтомуддати ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа дар ноҳия” курсҳои ронандагиро омӯхта бо Шаҳодатнома таъмин гардидаанд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандон ва гурӯҳҳои ҳунарии шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардида, бо сурудҳои ватандӯстона ва намоишҳои театрикунонидашуда ҳозиринро шод гардониданд.
Дар охир, наваскарон бо нидои “Ҳомиёни Ватан ҳастем!” савганди садоқат ба Ватан ёд намуда, бо гулу гулдастаҳо ва ҳидояти роҳбарон ба қисмҳои ҳарбӣ равон гардиданд.
Маросими гусели наваскарон дар фазои ботантана ва руҳияи баланди ватандӯстӣ анҷом ёфт.