ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ- САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ ДАР КИШВАР ВУСЪАТ МЕЁБАД.

Саноатикунонии кишвар яке ҳадафҳои муҳими давлатӣ буда, раванди амалисозии ин тадбир зери таваҷҷуҳи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Дар давоми 11 моҳи соли равон корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳия ба маблағи 1 млрд. 631 млн. 18 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати соли 2023-юм 42 млн. 733 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш дар ин давра 102,7 фоизро ташкил дод.

Дар ин муддат аз корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 114 ҳазору 407 тонна, аз корхонаи «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 111 ҳазору 570 тонна, ҷамъ 255 ҳазору 977 тонна семент, ки маҷмуан маблағи умумии 114 млн. 861 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба хориҷи кишвар содирот гардид, ки ин мутаносибан 11,8 фоизи сементи истеҳсолшударо ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки дар оянда аз ҳисоби корхонаи истеҳсоли гачкартони ҶДММ «Моҳир Инвест» содироти гачкартон ва амстронг низ ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад.

Дар ҳамин давра 5 коргоҳҳои нави саноатӣ, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии ҶДММ “Муҳаммад пласт” ва ҶДММ “Рустам пластик”, бомпӯшҳои оҳанини ҶДММ “Дидор сохтмон”, истеҳсоли хишти ҶДММ “Хиштҳои сабуки Ёвон” ва истеҳсоли мебели ҶДММ “Имрон мебел” бо шумораи умумии 20 ҷойи кории доимӣ ба истифода дода шуд.

Илова бар ин, бояд тазаккур дод, ки 7 ноябри соли 2024 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия бо ҷалби шарикони хориҷӣ се корхонаи азими саноатӣ, аз ҷумла дар базаи корхонаи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» хати нави истеҳсоли амстронг бо иқтидори истеҳсоли 3 млн. м2 дар як сол, корхонаи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ «Файзи гач», корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори ҶДММ «Де Банг Тоҷикистон» ва дар доираи ҳамин сафари корӣ корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Сабрин тиллои сафед» маврди истифода қарор дода шуд, ки дар натиҷа барои аҳолӣ 128 ҷойи корӣ муҳайё гардид.

Саноатикунонии босуръат дар кишвар, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ба ҳисоб меравад, ноҳияи Ёвон дар амалисозии ин ҳадафи миллӣ нақши калидӣ дорад. Масъулини соҳаи саноат азм доранд, ки тадбирҳои муассирро дар рушду пешрафти ин самт вусъат бахшида, дар таъмини ҳадафи миллӣ- Саноатикунонии босуръат дар кишвар самҳми арзишманд гузоранд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.