МУЖДАИ НАВБАТӢ АЗ ДАСТОВАРДИ ФУТБОЛИ НОҲИЯ
Шоҳин Боев бозингари дастаи футболи “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон пас аз ба анҷом расидани даврҳои мусобиқаи Лигаи якуми кишвар дар соли 2024 бо задани 25 гол унвони “Беҳтарин нишонзани Лигаи якум”-ро соҳиб гардид. Шоҳин Боев соли дуюм аст, ки дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якуми кишвар ба ин унвон мушарраф мегардад. Дастовард ба кулли варзишгарони ноҳия муборак бошад.