ТАШКИЛ НАМУДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУН ПЕШ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН

Дар доираи нақшаи тасдиқнамудаи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади баргузор намудани вохӯриҳо бо навдаъватшавандагоне, ки дар даъвати тирамоҳиии соли 2024 ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома дорад. Дар ин радиф санаи 18 сентябри соли равон дар ҷамоатҳои деҳоти Чоргул ва Норин вохӯрӣ бо навдаъватшавандагон баргузор гардид. Дар вохӯриҳои мазкур муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндаи комисариатии ҳарбии ноҳия ва сархатиби ноҳия иштирок намуданд. Ҳамзамон дар вохӯриҳои мазкур падару модарон ва худи ҷавононе, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2024 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши худ шомил мешаванд ҳузур доштанд. Муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат бар ҳамаи баромадҳояшон ба падару модарон барои тарбияи фварзандон дар руҳия хештаншиносию ватандӯстӣ аз номи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр изҳори сипос ва минатдорӣ баён намуданд. Ҳамзамон қайд карданд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони худогоҳи кишвар ҳам қарз ҳам шарафи бузург аст. Ҳимояи марзу бум ва арзишҳои милливу фарҳангии кишвар вазифаи муқаддаси ҳаряк ҷавони тоҷик мебошад. Дар фарҷоми ҳамаи вохӯриҳо ба падару модарон ва ҷавонони далеру шуҷои Ватан сипосномаҳо дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.

и ещё 15

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.