КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИ-АДАБӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ РӮДАКИХОНӢ
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 22 сентябр дар саросари кишвари азизамон бо мақсади гиромидошти хотираи сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири соҳибқирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рӯзи Рӯдакихонӣ таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 20 сентябри соли равон бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳия дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳия конференсияи илми-адабӣ баргузор карда шуд. Дар кори конференсияи мазкур муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат иштирок намуданд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муродализода Раҷабмурод, кормандони шуъбаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур нахсут Абдуллозода Саёҳат суханронӣ намуда, ба роҳбарияти шуъбаи маориф барои дар сатҳи баланди ташкили баргузор намудани конференсияи мазкур изҳори сипос ва минатдори баён намуда, Рӯзи Рудакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост.
Дар қисмати дигари конференсия барномаи рангини ҳунарӣ аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон, ки аз ҳаёт ва фаъолияти шоир шаҳодат медод манзури ҳозирин гардонида шуд. Дар фарҷом аз ҷониби меҳмонон барои омода намудани барномаи рангини фарҳанги ба ташкилкунандагони он баҳои баланд дода шуд.