БИЁЕД БАРОИ БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ НАМУДАНИ ҲОСИЛИ ПАХТАИ ДЕҲҚОН САҲМГУЗОР БОШЕМ.
Ҳамдиёрони азиз бо умеди хонаободи ва рӯзгори пур аз нишоту шодии Шумо фарорасии боз як мавсими нави хайру баракатро бароятон шодбош гуфта, сараввал ёдовар мешавем, ки ноҳияи Ёвон қаблан ҳамчун ноҳияи аграри ва баъдан бо бунёд ёфтани корхонаҳои азими саноати ҳамчун ноҳияи аграри саноати табдил ёфт, ки ин аз шараф ва номуси мардони бо нангу номуси ватандӯсташ гувоҳи медиҳад.
Ҳар як заҳмат ва талошҳои сокинони ноҳия, ки баҳри гулгул шукуфоии Ватан ва диёри азизамон равона шудааст боиси ифтихору сарфарози аст.
Ноҳияи Ёон, ки ҳамчун ноҳияи аграри саноати дар мамлакат шинохта шудааст дар баробари истеҳсоли масолеҳу маҳсулотҳои саноатӣ соҳаи аграри низ дар тақвият бахшидани некуаҳволии халқ нақши созгор дорад, ки дар мавсими ҳосилғундории соли 2023 деҳқонону заҳматкашони мо таванистанд дар муддати начандон тулони аз иҷрои нақшаи пешниҳодшҳуда дар ғунучини пахта аввалин шуда нақшаро иҷро намуда, дар ғани гардонидани хазинаи тиллоии мамлакат сҳмгузор бошанд.
Дар тақвияти гуфтаҳои болло ҳамдиёрони азиз! имрӯзҳо ки мавсими нави ҳосилғундори дар ғунучини пахта оғоз ёфтааст аз ҳамаи сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои дар ноҳия фаъолияткунанда инчунин он нафароне ки мехоҳанд дар баланд бардоштани садҳи иқтисодии худ ва дигарон саҳмгузор бошанд даъват менамоем, ки дар ин маъракаи муҳими баракатбахши хону хонадони мову Шумо бетараф набошанд, зерро ҳар он заҳмати Шумо баракат дар хазинаи хони мамлакат хоҳад буд.
Лозим ба ёдовари аст, ки арзиши 1кг пахтаи ҷамъоваринамудаи Шумо як сомон ва1 тоннаи 7000 сомониро ташкил дода, он пас аз боркашидан дар тарозу маблағи Шумо пардохт карда мешавад.
Иқдоми навбатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон оиди қабули пахта дар корхонаҳои пахтақабулкунии ноҳия дар мавсими имсола дар он равона шудааст, ки техникаҳои пахтакашони ҳонгоми интиқоли пахта аз хоҷагиҳои деҳқони ба корхонаҳои пахтақабулкунӣ бо сӯзишвориӣ инчунин ронандагони техникаҳо дар корхонаҳои пахтақабулкунӣ бо буду бош ва хуроки гарм таъмин карда мешавад.
Ситоди доиамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон оиди сафарбар намудани сокинон ба ғунучини пахта дар фарҷоми мавсим ба он нафароне, ки дар чиниши пахта малакаи хуб нишон дода аз ҳама зиёд пахта ғунмедорад туҳфаҳои хотирмон таъсис додааст ва дар ин радиф аз ҳамаи Шумо сокинон ва шаҳрвандони азиз эҳтиромана хоҳиш менамояд, ки дар ин маракаи муҳим бо дасту дили гарм аз паи иҷро бошем.
Пас биёед дастаҷаъмона чун соли сипари гардида бо деҳқонону заҳматкашони ноҳия дар ҷаъоварии пахта, ки ҳамчун тиллои сафед дар хазинаи мамлакату ҷаҳониён ниёз бар ин заҳматҳои мо даранд нақши созгор дошта бошем.
Рузгоратон пур аз хайру баракат ва хушҳолиҳои дилнишин бод…
Ҳамдиёрони азиз!