ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН МУҲТАРАМ ШАРИФӢ БАХТИЁР БА МУНОСИБАТИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Боиси ифтихори бузург аст, ки имрӯз мову шумо боз дар фазои сулҳу субот дастоварди нодири миллат ба хотири таҷлил аз 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҳам ҷамъ омадаем.
Бо камоли ифтихор ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатиро ба ҳамаи Шумо ва тамоми мардуми сарбаланди ноҳияи Ёвон табрику муборакбод гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, зиндагии босаодат, иқболи баланд ва ба Ватани азизамон Тоҷикистон Истиқлолияти ҷовидонаро орзӯ менамоям.
Рӯзи истиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарифи кишвар, ки ҳар сол дар ин рӯзҳои хотирмон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад, ҳамчун нишонаи арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ ва шукргузорӣ ва давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр мебошад. Соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад.
Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархӯрдор аст.
Таърих гувоҳ аст, ки бисёр қавму миллатҳо бо ҷаҳду талошҳо ва ҷонфидоиҳо барои соҳиби далват шудан азхудгузаштанҳо нишон доданд, вале соҳиби истиқлол ва соҳиби давлати комил шудан ба онҳо муяссар нагрдидааст. Барҳақ ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва барпо намудани давлати соҳибихтиёр бо имконияти таърихии ҳар халқу миллат иртибот дорад.
Зеро Истиқлолият, дар марҳилаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ вале пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳиму тақдирсоз мақоми кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба шоистагӣ муайян сохт, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гардид, ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ ва робитаҳои дипломатиашро бо бисёр кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуд.
Зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақому манзалати хосаро соҳиб намудааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Таърихи даврони соҳибистиқлолии мамлакат собит месозад, ки ин ҳама бурдбориҳо натиҷаи татбиқи сиёсати ҳадафмандона ва дурбинонаи ахтари иқболи мардуми кишвар, Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Шукри истиқлолу озодӣ, имрӯз бараъло мушоҳида мегардад, ки дар давра ба давра ҳар як гӯша ва ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ рушду такомул ёфта, тарҳу симои худро ба куллӣ дигар намуда истодааст.
Ноҳияи Ёвон бо амалисозии нақшаҳои ободкорона барои татбиқи ҳадафҳои дарпешгузоштаи Ҳукумати мамлакат дар марҳилаи созандагиву бунёдкориҳо ба раванди бемисли рушд ворид шуда, ба комёбиҳои бузург ноил гардида истодааст.
Ҳамдиёрони иззатманд!
Шоистаи зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сар аз соли 1993 то инҷониб 20 маротиба ба ноҳияи Ёвон сафарҳои корӣ анҷом дода, доимо тазаккур медиҳанд, ки “Дар ин гӯшаи диёрамон имкониятҳои васеи рушди соҳаи саноат мавҷуд аст ва истифодаи оқилонаи захираву имконоти мавҷуда барои пешрафти босуботи ноҳия ва кишвар шароити муносиб фароҳам меоранд”.
Натиҷаи ҳамин заҳмату талошҳо мардуми сарбаланди ноҳия ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ноҳияи Ёвон аз ноҳияи аграрӣ-саноатӣ ба ноҳияи саноатӣ- аграрӣ табдил ёфт.
Бо роҳандозӣ намудани чунин тадбирҳо ва заҳматҳои содиқонаю аҳлонаи сокинон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо сохта ба истифода додани корхонаҳои азими саноатӣ, муассисаҳои нави таълимӣ ва тандурустӣ, иншооти зиёди фарҳангию маишӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ бунёд гардида, ба баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинон ва пешрафти иқтисодии ноҳия таъсири мусбат гузошт, ки ин самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду азнавсозии беш аз 561 иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, варзиш, саноату кишоварзӣ ва коммуналию роҳсозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз наздики 200 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар иншооти дигар корҳои сохтмонию созандагӣ бомаром идома дорад.
Бо бунёду азнавсозии иншооти пешбинишуда, симои зоҳирии ноҳия боз ҳам ободу зебо гардида, дар баланд бардоштани сатҳу некуаҳолии сокинон заминаи воқеӣ хоҳад гузошт.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза, таҳдиду хатарҳо ба аксар кишварҳои олам ва бархӯрди тамаддунҳои мухталиф дар чандин нуқтаҳои сайёра аз хурду бузурги кишвари мо беш аз пеш ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандорию ватандӯстиро тақозо менамояд.
Авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки ҳар як марҳилаи таърихии халқу кишвар, аз ҷумла даврони эҳё ва ташаккулёбии давлати навини миллӣ амиқ омӯхта, бо такя ба суннатҳои давлатсозии аҷдодӣ маърифати миллӣ сайқал дода шавад, зеро мо танҳо бо ин ҳадаф метавонем истиқлолу озодии Ватанро ҳифз намоем ва ба наслҳои оянда давлати ободу соҳибистиқлолро мерос гузорем.
Бо ифтихору арҷгузорӣ аз истиқлолият — ҷавҳари ҳаёти имрӯзаамон таманнои онро дорам, ки осмони Ватанамон софу рӯзгорамон обод ва комёбиҳои беназири меҳнатӣ насибамон гардад.
Бигузор, бо зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи халқамон диёри Ёвони зархез ба гӯшаи ободу биҳиштосо табдил ёбад ва нуфузу эътибори Ватани азизамон — Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гардида, бузургтарин дастоварди миллатамон — Истиқлолияти давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад.
Ҷашни Истиқлол муборак бошад, ҳамдиёрони иззатманд!