КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИ-АДАБӢ ЗЕРИ УНВОНИ «ҲУМОЮН БОД ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИК»
Дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 сентябри соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75-и ноҳия Конференсияи илми-адабӣ зери унвони «Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик» бо ташаббуси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат, и.в мудири шуъбаи маориф Бобоев Саидбек, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ иштирок намуданд. Нахуст меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои маорифчиёни ноҳия, ки ба марази тамошо гузошта шуда буд дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Конференсия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Нахуст и.в мудири шуъбаи маориф Бобоев Саидбек суханрони намуда, меҳмононро ба ҳозиран муаррифи карда суханро ба муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат доданд. Абдуллозода Саёҳат тамоми иштирокдоронро ба муносибати ин ҷашни фархунда аз номи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бебаҳои таърих ба шумор рафта бо талошҳои пайваста ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада то ба имрӯз ба мо омада расидааст. Аз ин хотир ҳар фарди бедодил ва худшиноси ин меҳанро зарур аст, ки барои мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати комили миллӣ саъю талош намояд. Дар идомаи чорабини дигар баромадкунандагон дар мавзӯъи Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуданд.