БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ ТУТАК
Бо мақсадаи сазовор таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақша чорабиниҳо таҳия гардида зери таваҷҷуҳи бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр қарор дошта дар ин самт як қатор тадбирҳо роҳандози гардидааст. Бо ин мақсад санаи 6 сентябри соли равон дар деҳаи Тутаки ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бинои нави бунгоҳи саломатӣ мавриди баҳрабардори қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи бунгоҳи саломатӣ раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок намуданд. Иншооти мазкур бо ташаббуси бевоситаи мақомотаи иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон сохта шуда, дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба сокинон деҳаи мазкур тақдим карда шуд. Меҳмонон аз анҷоми корҳои сохтмони ва шароити кории кормандони бунгоҳи мазкур диданд намуда барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Инчунин меҳмонон дар назди ҳозирин суханрони намуда, ҳамаи иштирокдоронро бо фарорасии санаи фархунда ҷашни Истиқлоли давлатӣ самимона шодбош гуфта иброз доштанд, ки Истиқлолият неъмати бебаҳои таърих ба шумор рафта мо бояд барои ҳифз намудани он аз бадхоҳони миллат ҷони худро дареғ надорем. Ҳамзамон аз ҷониби раиси ноҳия ба ҳамаи он нафароне, ки дар ин иқдоми башардустона саҳми намоёни худро гузоштанд изҳори сипос ва минатдорӣ баён намуданд. Дар рафти боздид аз ҷониби раиси ноҳия ба бунгоҳи саломатӣ як адад оинаи нилгун туҳфа карда шуд. Дар қисмати дигар ба якчанд нафароне, ки дар амалишавӣ ва ба истифода додани бунгоҳи саломатии мазкур саҳмгузори намуданд бо сипосномаи раиси ноҳия дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷом аз ҷониби сокинони деҳаи мазкур ба раиси ноҳия ва ҳамаи он шахсони хайрхоҳу эҳсонкор изҳори сипос карда шуд.