НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯ ЁВОН БО НАМОЯНДАГОНИ ВАО

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон аз 5 июли соли 2024, № 7/102 имрӯз дар толори Қасри фарҳангӣ ноҳияи Ёвон нишасти матбуотии раиси ноҳияи Ёвон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

Ҳамазамон дар толор муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони васоити ахбори оммаи мамлакат ва роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Пеш аз оғози нишасти хабарӣ раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ба ҳамаи хабарнигорони васоити ахбори омма барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуда, ташрифи ҳамаи онҳоро ба ноҳияи Ёвон хуш омадед гуфтанд.

Сипас раиси ноҳия дар назди ҳозирин оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2024 гузориш пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон фаъолияти худро дар асоси дастуру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳое, ки аз паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ба роҳ монда, дар давоми шаш моҳи аввал соли равон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 1 млрд. 452 млн. 677 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба нимсолаи якуми соли 2023-юм 5 млн. 109 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 721 млн. 396 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 731 млн. 280 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Дар қиёс ба нимсолаи якуми соли қаблӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бо нархи муқоисавӣ 72 млн. 904,1 ҳазор сомонӣ кам (90,8%) ва ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ (бо нархи ҷорӣ) 78 млн. 13,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 204,7 млн. доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқти-содии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021 — 2025 228 лоиҳаро ба маблағи 741,4 млн сомонӣ дар бар гирифта, то охири соли 2023-юм 68 лоиҳа ба маблағи 232,9 млн. сомонӣ, дар 53 лоиҳаи дигар бо маблағи 139,1 корҳо идома дорад, (50,2 фоиз) ба иҷро расидааст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 ба 80 млн. 479,1 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5 млн. 936 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо 381 млн. 203,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбатан 76 млн. 390 ҳазор сомонӣ (125,1%) зиёд мебошад.

Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ноҳия 18 ҳазору 17 нафар нафақахӯронба қайд гирифта шудаанд, киталаботи моҳонаи онҳо 6 млн. 360 ҳазор сомониро ташкил дода, ба ҳар як нафақахӯр ба ҳисоби миёна 353 сомонӣ рост меояд. Айни ҳол нафақапулии моҳи июни соли 2024 пардохт шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳама бахшҳои хоҷагидории ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 731 млн. 280 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 78 млн. 13,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 111,9 фоиз мебошад. Аз он 526 млн 623,7 ҳазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ (суръати афзоиш 119,2 фоиз) ва 206 млн. 656,7 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ (суръати афзоиш 96,9 фоиз) рост меояд.

Дар давоми шаш моҳи соли 2024 корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳия ба маблағи 721 млн. 396,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 72 млн. 904 ҳазор сомонӣ кам буда, суръати афзоиш дар ин давра 90,8 фоизро ташкил дод.

Аз корхонаҳои сементбарории ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” ба миқдори 59 ҳазору 593 тонна ва аз корхонаи ҶДММ “Чжунгтсай моҳир семент” ба миқдори 49 ҳазору 245 тонна семент, дар маҷмуъ 108 ҳазору 838 тонна семент, ки маблағи 56 млн. 327,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст.

Дар давари сипаригардидаи соли ҷорӣ 5 коргоҳҳои нави саноатӣ, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии ҶДММ “Муҳаммад пласт” ва ҶДММ “Рустам пластик”, бомпӯшҳои оҳанини ҶДММ “Дидор сохтмон”, истеҳсоли хишти ҶДММ “Хиштҳои сабуки Ёвон” ва истеҳсоли мебели ҶДММ “Имрон мебел” бо шумораи умумии 20 ҷойи кории доимӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, № 188 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ” ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 7 июни соли 2022, № 184 дар асоси қарорҳои раиси ноҳияи Ёвон то соли 2026 дар ноҳия 561 иншооти сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст.

То ин ҷониб аз иншооти банақшагирифташуда 183 иншоот (соли 2022 46 иншоот, соли 2023 85 иншоот ва шаш моҳи соли 2024 49 иншоот,) ё ин ки 32,7 фоиз ба истифода дода шуда, имрӯзҳо дар даҳҳо иншооти таъиноти гуногун ноҳия корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Пас аз гузориши раиси ноҳия аз ҷониби намояндагони ВАО саволу ҷавоб доир гардид, ки ҳамаи саволдиҳандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷом раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ба ҷониби намояндагони ВАО изҳор намуданд, ки умедворам, ки нишасти хабарии имрӯза барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ободонию созандагии ноҳия саҳми сазовор хоҳад гузошт.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.