БОЗДИ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПАХТАИ ҶДММ “САФАР”.

Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум дар ҷамоати деҳоти Чоргул  санаи 7 августи соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз рафти фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи  ҶДММ «Сафар» шиносоӣ пайдо намуданд. Зимни боздид ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур  дар доираи иҷрои яке ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Олии мамлакат, ки саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад таъсис ёфата бо моқсади кокард намудани ашёи хоми маҳалли, яъне пахтаи киштнамудаи деҳқонони ноҳия фаъолият менамояд.  

Раиси ноҳия дар аснои боздид ба роҳбарияти корхона барои бозҳам беҳтар намудани фаъолият ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолии маҳсулот  дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.