ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГИИ ШОМИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ
Дар асоси барқияи телефонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 18 июл то 6 сентябри соли 2024 баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо назардошти маҳаллаву деҳаҳои дурдаст ташкил ва гузаронида мешавад. Вобаста ба ин дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шиорҳои куҳнаю фарсуда, парчамҳои хирашуда ва парчампояҳо ва биноҳои идораю ташкилотҳо пурра иваз карда мешавад. Шиору овезаҳои нав вобаста ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти сиҳибистиқлолии кишвар, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» ва иқтибосҳо аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ насб карда мешаванд.
Дар ин радиф санаи 30 июли соли равон дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх чорабиниҳои гуногун аз қабилӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, озмуни “Ошпази беҳтарин” ва Фестивали “Таомҳои миллӣ” ва “Оши палов” баргузор карда шуд. Дар чорабиниҳои мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат иштирок ва суханрони намуданд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур аз дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия занону модарон иштирок намуданд. Нахуст меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳои кадбонугии ҳунармандон дидан намуда, ба ҳунари болои ҳунармандон баҳои баланд доданд. Раиси ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх чорабиниро ифтитоҳ намду, суханро ба муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат доданд. Абдуллозода Саёҳат дар назди ҳозирин суханрони намуда, иброз доштанд, ки мо тоҷику тоҷикистониён бояд дар атрофи сарвари дурандеши худ Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон ватани азизамон Тоҷикистонро обод гардонем. Инчунин дар чорабини ба як қатор фаъолзанони ҳудуди ҷамоати мазкур сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд. Дар қисмати дигари чорабинии мазкур ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи консерти омода намуда, манзури ҳозирин гардониданд.