СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ҶОМЕА

Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия  аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум дар ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова санаи 19 июли соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз шароити кории кормандони маркази саломатии деҳаи Бустон дидан намуданд. Зимни боздид аз шароити кории раиси ноҳия бо тамоми кормандон суҳбати самими анҷом дода аз шароити кории онҳо пурсон гардида, таъкид доштанд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа буда дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гушаю канори мамлакат сохтмони биноҳои наву замонавии соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуда, сатҳи хизматрасонии тиббӣ беҳтару хубтар гардидааст. Ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки бинои маркази саломатии деҳаи Бустон бинои нав буда дар асоси лоиҳа бо сармояи хориҷӣ сохта шуда, дорои тамоми шароитҳои корӣ мебошад. Ҳамзамон раиси ноҳия аз кормандони маркази саломатӣ даъват ба амал оварданд, ки хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ бозҳам хубтару беҳтар бароҳ монанд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.