ТАЪМИНИ ОБИ ОШОМИДАНИ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ РАҚАМИ 5
Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум санаи 17 июли соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз муассисаи давлатии томактабии рақами 5-и ноҳия боздид намуданд. Аз ҷониби кормандон ва тарбиятгирандагони муассиса намоши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳо ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон аз он дидан карда баҳои баланд дода шуд. Дар рафти боздид аз ҷониби раиси ноҳия дар назди муассисаи мазкур ҳавзи шоноварӣ, ки дар фасли тобистон тарбиятгирандагон аз он васеъ истифода мебаранд пура аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда мавриди баҳра бардори қарор дода шуд. Инчунин бо дастгирии соҳибкорони муваффақи ноҳия барои муассисаи мазкур хати оби нӯшокӣ кашида шудааст. Зимни боздид раиси ноҳия ба роҳбарияти муассиса барои бозҳам баланд бардоштани таълиму тарбия дар муасисаҳои томактаби, ки таҳкурсии асосии омода намудани насли наврас барои муассисаҳои таълими мебошад дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон ба соҳибкороне, ки дар ин иқдоми хайрхона саҳми худро гузоштаанд аз ҷониби раиси ноҳия изҳори сипос ва минатдори карда шуда, таъкид доштанд, ки барои бозҳам ободу зебо гардонидани ватани азизамон ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёд намудани корхонаҳои саноати ва таъсиси ҷойҳои кории холӣ барои сокинони ноҳия саҳми арзанда мегузоранд.