БОЗДИД АЗ ШАРОИТИ КОРМАНДОН ДАР ДАСТГОҲИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ЁВОН
Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум санаи 17 июли соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз шароити кории кормандони дастгоҳи ҷамоати шаҳраки Ёвон дидан намуданд. Ҳамзамон дар рафти боздид аз шароити кории бахши ҳифзи иҷтимоӣ, бахши муҳити зист ва дигар корхонаҳо боздид анҷом дода шуд. Дар аснои боздид раиси ноҳия бо тамоми кормандон суҳбати самими анҷом дода аз шароити кории онҳо пурсон гардида, таъкид доштанд, ки ҳар як корманд бояд имрӯз дар пайрави аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, барои ватану миллати худ хизмати шоиста намояд. Инчунин ба роҳбарони корхонаҳое, ки боздид карда шуда дастуру супоришҳо дода шуд, ки барои кормандон шароити бозҳам беҳтару хубтарро фароҳам оваранд. Аз ҷониби кормандони дастгоҳи ҷамоати шаҳраки Ёвон барои дидан нмудан аз шароити кориашон ба раиси ноҳия изҳори сипос ва минатдори баён карда шуд.