ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
5 июли соли 2024 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Дар ин рӯз маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ — Ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин берун аз кишвар — барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуд, ки мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гардид. Ин матлаб дар мақолаи Ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Машраф Файзулло, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст, баён шудааст. Номбурда дар идомаи матлаб чунин изҳори назар кардааст:
— Худамро хушбахт меҳисобам, ки шоҳиди дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин тақдим гардидани ин мукофоти олӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштам. Ифтихор кардам, сарам ба осмон расид, эҳсоси гарми ватандӯстӣ вуҷудамро фаро гирифт, ки миллати сарбаланди ман бо роҳбарии Пешвои хирадпешааш ба чунин дастовардҳои беназир сазовор мегардад. Бубинед, ки вориси Рӯдакию Сино, Хайёму Фирдавсӣ — фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Сарвари давлати мо дар роҳи давлатсозию давлатдорӣ бо амалҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби роҳбарияти давлатҳои пешрафтаи чаҳон эътироф мешаванд. Ин қадршиносӣ барои ҳар яки мо, аз хурд то бузурги Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад. Мисли Пешвои миллат бояд Ватанро, миллатро дӯст дорем. Мисли Сарвари давлатамон бояд номбардори давлату миллатамон гардем, аз насли бузургони фарҳанг буданамонро бо амалҳои шоиста собит созем.
Дар ин маросим муҳтарам Си Ҷинпин нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои накуи ду кишвари дӯсту бародар ва дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ боризу барҷаста номида, таъкид доштанд, ки ба ин хотир нахустин маротиба дар таърихи давлатдории Чин ин мукофоти олии давлатӣ — Ордени «Дӯстӣ»- Ҷумҳурии Мардумии Чин берун аз кишвар тақдим карда мешавад.
Бузургию хирадмандӣ ва хоксории хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар ин ҷо собит гардид. Президенти мамлакат пас аз сарфароз гардидан бо ин мукофоти олӣ иброз доштанд, ки ин мукофотро, қабл аз ҳама, подоши саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин арзёбӣ менамоянд.
Дар яке аз барқияҳои шодбошии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: «Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти шароити миллии худ роҳи рушдро боз кард ва дар кори бунёди давлатӣ ба комёбиҳои бузург муваффақ гардид. Чин ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегии ҳамаҷониба аз ин самимона шод аст».
Баъд аз шунидани чунин суханҳо аз ҷониби сарвари давлате, ки бо рушди иқтисодаш дар ҷаҳон мақоми баландро соҳиб аст, ҳар тоҷик бояд ифтихор кунад, ки дар Ватани ободу осуда, ки роҳбарияшро Пешвои хирадпеша ба уҳда дорад, кору зиндагӣ менамояд. Зиҳӣ, Пешвои банангу номуси миллати тоҷик. Мукофоти баланд муборак бошад!
Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»