ВАТАН, ҲЕҶ ГОҲ ХОИНОНРО НАМЕБАХШАД…
Тавре маълум аст, имрӯзҳо ҷаҳонро вабое бо номи терраризму экстремизм азият дода истодааст. Бо суръат паҳн шудани гуруҳҳои ифротиву тундрав барои аҳли башар, аз ҷумла Ватани мо хатари бузурге ба ҳисоб меравад. Аммо талошҳои душманон барои сарнагун намудани миллати тамаддунсози тоҷик санҷиши нахустини тақдир нест. Дар таърихи гузашта низ миллати сарбаланди тоҷик дар роҳи душвор ва пурпечу тоби зиндагӣ ҳангоми сар задани душворие дасти ҳамдигарро мегирифтанд, дӯсту тифоқ буданд ва баҳри барқарор намудани сулҳу ваҳдат якҷоя кӯшишу ғайрат менамуданд. Нишонаи аслии расму русум ва урфу одат, пеш аз ҳама одоби аҷдодӣ, дастгирии ҳамдигар, амалҳои солеҳи инсонпарварона ва корҳои хайру нек мебошанд.
Дар кишвари мо вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро андешидани чораҳои амалӣ аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ оғоз ёфт ва то имрӯз идома дорад. Вале мутассифона ин вабои аср решакан нагардида истодааст. Ҳоло дар шабакаҳои интернетӣ гуруҳҳои зиёди ифротгаро паҳн гардидаанд, ки онҳо бо афкори фитнангезу бадхоҳонаи худ, номи миллати тоҷикро миёни ҷаҳониён олуда месозанд. Ростӣ ман аз тоҷик номидани сияҳдилони наҳзатӣ чун Кабирӣ, Мухаммадиқболу Салмон ва амсоли инҳо шахсони чоплус, дурӯя, хоин, дурӯғгӯ ва нохалаф шарм медорам, зеро ин гуна афрод бо ҳар роҳу восита мехоҳанд обрӯю нуфузи миллати тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд. Дар урфият мегӯянд, ки: “Душман гап наёфт, думи сагат каҷ мегӯяд”. Ва ин гурўҳ ҳамин гуна ҳам ҳаст. Чун оина равшан аст, ки амалҳои мунфиқонаи гурҳҳои тундрав на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидаву мардуми сайёра аз он ба танг омадаанд. Ин гурӯҳ бо “дилсӯзиҳои худ ” байни миллати тоҷик таҳлука, воҳима ангехта бори дигар мехоҳанд миллати тоҷикро аз ҳам ҷудо намоянд. Сияҳдилӣ ва низоъангезӣ дар тинати ин гуруҳ — наҳзатиён ҷой гирифтааст ва “хўе, ки бо шир дарояд, бо ҷон барояд”.
Ба маврид аст ёдовар шавем, ки муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллат ва пешрафти давлати миллӣ бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва мардумро дар роҳи пешгирии ҳама гуна мушкилӣ ғайрату қувва ва илҳоми тоза мебахшад. Дур нест, он замоне, ки хоинони миллати сарбаланди тоҷик сарнагун мегарданду ба ҳар зарра хоку оби Ватан муҳтоҷ, вале ҳайҳот, ки ин хоки муқаддас, ин ормонгоҳи далерони армонӣ ба хок рафта, ин қиблаи умеди модари мо, ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ ҳолат хоинонашро нахоҳад бахшид.
Темурзода Фарзона — вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон