МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНИ ТАРАБХОНАИ СУДАЙС

Бо мақсадаи сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон як қатор иншооти ҷашни мавриди баҳрабардори қарор дода шуда, қисми дигари он дар рафти сохтмон қарор дорад. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия тарабхонаи Судайс мавриди баҳрабардори қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи тарабхонаи Судайс раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам шарифӣ Бахтиёр иштирок ва суханрони намуданд. Иброз гардид, ки тарабхонаи мазкур бо мақсади баргузор намудани ҷашну маросимҳо аз ҷониби соҳибкори муваффақи ноҳия Раҷабов Музаффар бо маблағи умумии 700 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 10 нафар бо ҷойи кори доими таъмин карда мешаванд. Раиси ноҳия дар баромади хеш ба соҳибкор барои бунёди чунин як тарабхонаи замонавӣ ва таъмини ҷойҳои корӣ изҳори сипос ва минатдори баён намуданд. Ҳамзамон дар ин рӯз дар тарабхонаи мазкур 25 нафар ятимони кулли ноҳия даъват карда шуда, раиси ноҳия бо онҳо суҳбати самими анҷом дода, иброз доштанд, ки ятимону маъюбон зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат қарор доранд ва онҳо ҳеҷгоҳ худро танҳо эҳсос намекунанд. Аз ҷониби раиси ноҳия ба ҳамаи ятимони кул туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Инчунин аз ҷониби раиси ноҳия ба соҳибкори муваффақ Раҷабов Музаффар барои ин иқдоми шиоста сипосномаи раиси ноҳия тақдим карда шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.