ЧОРАБНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ЁВОН
Ҳамасола санаи 27 июн дар кишвари азизамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ бо шукрона аз сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Бо ин мақсад санаи 26 июни солаи равон дар назди Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон, муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, муовини директори Агентии Содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Баҳодур, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, собиқадорони меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ва дигар фаъолони ҷомеаи ноҳияи Ёвон баргузор карда шуд. Ҳамзамон дар доираи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон вобаста ба иҷрои банди 10 барқияи ҳукуматӣ аз 1 июни соли 2024, №24/10-42 бо мақсади дар ҳар як кӯча, маҳалла ва деҳа ташкили озмунҳои “Тарабхонаи беҳтарин”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Ошпази беҳтарин” ва Фестивали “Таомҳои миллӣ”, “Оши палов”, Фестивали “Тарғиби либосҳои миллӣ”, намоишҳои ҳунарҳои дастдӯзӣ, заргарӣ ва оҳангарӣ баргузор карда шуд.
Нахуст меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардуми ва ҳунари кадбонугию ошпазии ошпазони ноҳия дидан намуда, ба ҳунари болои онҳо баҳои баланд доданд.
Сипас раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр суханрони намуда, тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони ватандору бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.
Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, ҳамаи нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд. Ҳамзамон муовини директори Агентии Содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Баҳодур ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Ёвон, Бекназарзода Саъдулло Саид суханрони намуда, вобаста ба моҳияти таърихии Рӯзи Ваҳдати миллӣ андешарони намуданд.
Инчунин дар чорабинӣ якчанд нафар роҳбарон ва фаъолон ва раисони деҳаву маҳаллаҳои ноҳия ва ҷавонони ободкори Ҷамоати шаҳраки Ёвон ки дар корҳои ободонию созандагӣ, рушди диёр ва амалисозии дигар ҳадафҳои бунёдкорона саҳмгузорӣ намудаанд,аз тарафи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ ба ифтихори ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо даъвати раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ҳунарманди шинохтаи кишвар Нуруллои Маҷнун ташриф оварда, ба хотири болидаруҳии ҳозирин барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.