ФАЪОЛИЯТИ ГУРУҲҲОИ КОРӢ ҶОННОК КАРДА МЕШАВАД.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Амри раиси ноҳияи Ёвон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гуруҳҳои корӣ дар самти пешгирии пушидани либоси ба фарҳанги мо бегона, аз қабили сатру ҳиҷоб аз ҷониби занону духтарони тоҷик, ки хоси миллати мо нест таъсис дода шуда, ҳамарӯза дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳи миёни аҳолӣ бо усули хона ба хона ва суҳбатҳои фардӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади бозҳам ҷоннок намудани фаъолияти гуруҳҳои корӣ санаи 19 июни соли равон дар толори ШКД-и ноҳия вохӯрии судманд баргузор карда шуд. Дар корӣ вохӯрии муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат, сардори ШКД-и ноҳия Назарзода Манучеҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарон ва аъзоёни гуруҳҳои корӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Аз ҷониби баромадкунандагон иброз карда шуд, ки гуруҳҳои кориро зарур аст дар ин самт бозҳам корро ҷоннок намуда дар якҷояги бо мақомоти милитсияи ноҳия пеши роҳи паҳншавии пушидани либоси ба фарҳанги миллати мо бегонаро саривақт гирем ва барои тарғиби ҳамаҷонибаи либоси миллӣ дар байни аҳолӣ аз пештара дида корро ҷидди намоем. Дастур дода шуд, ки аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гуруҳҳои корӣ ба маркази ноҳия ташриф оварда дар маконҳои серодам аз ҷумла дар бозори марказӣ, беморхонаи марказӣ ва дигар нуқтаҳои серодам фаъолият намоянд.