«ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ». Ҳангоми оббозӣқоидаҳои бехатариро риоя карда, фарзандонро беназорат нагузоред!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз оббозӣ дар маконҳои хатарнок ва ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш аз сокинону меҳмонони мамлакат, бахусус волидайни наврасон хоҳиш менамояд, ки дар соҳили обҳо ва ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, фарзандони хурдсоли худро ҳангоми оббозӣ беназорат нагузоранд.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, бо фаро расидани фасли тобистон одамон ба истироҳату фароғат дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳо ниёз пайдо мекунанд. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳузур дар махзанҳои об оқибатҳои нохуш дошта метавонад. Дар бисёр ҳолатҳо ғарқи об шудан ва ба ҳалокат расидани одамон ба қайд гирифта мешаванд.
Чаро бештар наврасон дар об ғарқ мешаванд?
Муҳити асосӣ барои шиноварӣ об ба ҳисоб меравад. Аммо сифати об, покии он аз ҳар гуна олудагиҳо дар ҳавзҳои шиноварӣ бояд ҷавобгӯ ба талаботи беҳдоштӣ бошад. Таҷрибаҳо нишон додааст, ки беназорат мондани бачаҳо дар соҳилҳо басо хатарнок мебошад. Баъзе аз наврасон қоидаҳои асосии оббозиро намедонанд, ки оқибати он ба нохушӣ оварда мерасонад.
Ба тавсияи мутахассисон, дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи мактабӣ бояд ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда ҷиҳати омӯзонидани бачаҳои синни то 9 сола набояд аз 0,7 метр ва барои синни 9-11 сола на зиёда аз 1,2 метр чуқур бошад. Инчунин дар ҷойҳои оббозӣ бояд дар умқи 1,2-1,3 метр ченчӯбҳо гузошта шаванд.
Маъмулан тифлон тарсе аз об надоранд ва хатар ба ҷонашонро ҳам эҳсос намекунанд. Аз ин рӯ, беибо ва истиҳола вориди об мешаванд. Бахусус касоне, ки солашон ба синни мактабӣ нарасидааст, хатарро ҳис намекунанд. Калонсолон бояд, ки бехатариву амнияти онҳоро таъмин созанд. Ин ҳам боз дар ҳолест, ки тифлон хеле заифанду наметавонанд худро дар баробари хатарҳои эҳтимолӣ ҳифз кунанд. Онҳо метавонанд дар сонияҳои башумор ғарқ шаванд. Пас хуб мешавад агар тибқи мақоли «Илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ» амал кунед ва тифлону наврасони худро беназорат нагузоред.
Барои таъмини амнияту бехатарӣ чи бояд кард?
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксари одамон аз он сабаб дар об ғарқ мешаванд, ки на танҳо хуб шиноварӣ карда наметавонанд, балк шинокунон дур мераванд ва ногаҳон ба воҳима дода мешаванд, вале боз ҳам ба қувваи худ ба бозгашти солим ба соҳил умед мебанданд. Чанд тавсияи муфиди мутахассисонро дар мавриди оббозӣ пешниҳод мекунем:
— танҳо баъди 1,5-2 соати ғизо хӯрдан метавон оббозӣ кард.
— дар ҷойе, ки обсабзҳо дида мешаванд, набояд шино кард, ки хабари печидану дар гирдоби он мондан дорад.
— набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об ба он ворид шуд.
— пеш аз оббозӣ бояд ҳатман аз назорати духтур гузашт.
— барои оббозӣ ва эҳтиёт аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ хуб мешуд агар аз камзӯлҳои бехатарӣ дар обҳо истифода кунед.
— вақте фарзандатон дар об аст, аз вай дур нашавед. Аз ӯ чашм наканед, зеро тифлаконро об дар камтарин сонияҳо ба зер мекашад.
— агар шумо бо бачаҳо дар табиати боз оббозӣ мекунед, на дар ҳавзҳои шиноварӣ, пас ҷоеро интихоб кунед, ки ҷараёни об на бештар аз 0,5 метр дар як сония бошад. Аммо аввал умқи онро худатон санҷед, бовар ҳосил кунед, ки ягон ашёи дигаре, ки монеъи шиноварӣ шавад ва ё хатар дошта бошад, вуҷуд надорад. Аммо дар ин ҳол ҳам ҳамеша ҳамроҳ бо хурдсолон бошед.
— дар ҷойҳое, ки оббозиро манъ кардаанд ва ҳар гуна аломатҳо гузошта шудаанд, ҳаргиз оббозӣ накунед.
— агар шумо оббозӣ карда наметавонед ва нохост вориди об шудед, дар об рӯболо бихобед, дастонатонро ба ду тараф кушоед, то метавонед чуқур-чуқур ва тез-тез нафас кашед.
— дар ҳолати амудӣ дар дохили об будан, пойҳоятонро тавре ба ҳаракат дароред, ки гӯё шумо дар дучарха педал мезанед.
— агар хаста шудед, пас пуштнокӣ хобида, дар рӯи об истироҳат кунед, барои ин бозувон ва пойҳоятонро ҷафс накунед, ба сар дар об хобед ва истироҳат намоед.
Дар ҳолати ғарқ шудани худ ё дигареро чи гуна наҷот дод?
Мутахасисон тавсия медиҳанд, ки агар худ ғарқшавиро ҳис намоӣ ба воҳима дода нашав. Бо ҳаракати дасту пой худро дар болои об нигоҳ дошт ва сарро то ҳадде боло карда, сахт бояд сулфид.
Агар ғарқшударо дидед ҳатман ба наҷоти он кӯшиш намоед. Дар ҳолати аз об берун баровардани он бояд сари онро ба поён кунед. Даҳонашро пок карда, то решаи забонаш фишор оред. Дар сурати пайдо шудани ҳолати қайъкунӣ ва сулфа кӯшиш намоед, ки об аз роҳҳои нафаскашӣ ва меъда пурра холӣ шавад.
Агар ҳаракати қайъкунӣ ва нишоне аз нафаскашӣ пайдо нашуд, пас ӯро ба пушт хобонед ва бо маҳси қафаси дил нафаси сунъӣ диҳед. Бо дидани нишоне аз ҳаёт рӯи ӯро поин оварда, оби ҷамъшударо аз ишкам ва меъда бо роҳи маҳси қафаси сина ва ишкам берун бароред. Ҳатман ёрии таъҷилиро даъват намоед.
Мавзеъҳои оббозӣ бояд ба талабот ҷавобгӯй бошанд!
Мавзеи оббозӣ бояд бо пойобнамои (пойобнамо — нишони лангардор, ки чойҳои пастоби дарё, ҷои андохта шудани тӯри моҳӣ ва ғайраро нишон медиҳад) ранги зарди норинҷӣ ишора шуда бошанд.
Мавзеъҳои истироҳатии умумӣ бояд дар масофаи на камтар аз 500 метр аз маҷрои ҷоришавии об ҷойгир шуда, фаромад ба соҳили об бояд ҳамвор бошад. Cифати оби ҳавзаҳо бояд ҷавобгӯи талаботи беҳдошти барои истифодаи маишию маданӣ муқарраршуда бошад.
Дар соҳили мавзеъҳои оббозии умумӣ бояд дар масофаи ҳар як 50 метр ва на дуртар аз 5 метр аз сатҳи об лавҳаҳои дорои халқаҳои наҷот ва дигар воситаҳои наҷот гузошта шаванд. Дар ҳалқаҳо бояд навиштаҷоти «ба сӯи ғарқшудаистода парто» ва дар тарафи дигар номи соҳили фароғатӣ сабт карда шавад.
Дар соҳилҳои фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳои умумӣ дар назди об ҳатман бояд хоначаҳо барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба ҷабрдидагон ва ҷароҳатбардоштагон ва навбатдории доимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва маводҳои доруворӣ ташкил карда шавад.
Дар соҳилҳои фароғатӣ ва мавзеъҳои истироҳатии умумӣ бояд лавҳаҳои омӯзишӣ ва огоҳкунанда аз ҳолатҳои ногувор дар об дар ҷойҳои дидашаванда насб карда шаванд.
Масъулияти ташкили шароити зарурии мувофиқ ба талаботи муқарраргардида ба зиммаи соҳибмулкон ва роҳбарони соҳилҳои фароғатӣ ва муассисаҳои истироҳатии дорои объектҳои шиноварӣ вогузор карда мешавад.
Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»