БАРГУЗОРИИ ШОМИ ВАҲДАТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ГУЛСАРА ЮСУПОВА

Дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон вобаста ба иҷрои банди 10 барқияи ҳукуматӣ аз 1 июни соли 2024, №24/10-42 бо мақсади дар ҳар як кӯча, маҳалла ва деҳа ташкили озмунҳои “Тарабхонаи беҳтарин”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Ошпази беҳтарин” ва Фестивали “Таомҳои миллӣ”, “Оши палов”, Фестивали “Тарғиби либосҳои миллӣ”, намоишҳои ҳунарҳои дастдӯзӣ, заргарӣ ва оҳангарӣ ва ҳамзамон бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ташкил ва баргузор намудани барномаҳои консертии “Шоми Ваҳдат” дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома дорад. Дар ин радиф санаи 14 июни соли равон дар ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова чорабини ва намоишҳои гуногун аз қабилӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, озмуни “Ошпази беҳтарин” ва Фестивали “Таомҳои миллӣ” ва “Оши палов” баргузор карда шуд. Дар чорабиниҳои мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат иштирок ва суханрони намуданд. Нахуст меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳои кадбонугии ҳунармандон дидан намуда, ба ҳунари болои ҳунармандон баҳои баланд доданд. Сипас муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат суханрони намуда, аз номи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода тамоми сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуповаро бо фарорасии 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод гуфта иброз доштанд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст. Мо тоҷику тоҷикистониён бояд дар атрофи сарвари дурандеши худ Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон ватани азизамон Тоҷикистонро обод гардонем. Дар қисмати дигари чорабинии мазкур ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи консерти омода намуда, манзури ҳозирин гардониданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.