МУРОҶИАТНОМАИ НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕИ НОҲИЯИ ЁВОН БА ҲАМВАТАНОН ОИД БА ИЗҲОРОТИ “ГУРӮҲИ 24”-И ХИЁНАТПЕША Ё НАЙРАНГ-ШОУИ ҲАСУДОН
Мо- намояндагони ҷомеаи ноҳияи Ёвон Изҳороти “Гурӯҳи 24”-ро аз 14 сентябри соли 2020 оид ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон найранги навбатии ин гурӯҳи хиёнатпеша арзёбӣ намуда, дар муқобили он якдилона изҳор медорем, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳар як гӯшаву канори Тоҷикистон, аз он ҷумла дар ноҳияи Ёвон, бозгӯкунандаи иттиҳоди миллӣ