Машқҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 23 April 2017
  • By: admin

Аз 18 то 22 апрели соли 2017 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони тамоми корхонаву муассисаҳо машқҳои мукаммал мудофиаи гражданӣ оид ба масъалаҳои эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои фавқулода гузаронида шуд. 

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар ноҳия

  • Posted on: 21 March 2017
  • By: admin

Имрӯз бо иқдоми Пешвои миллат дар кишвар Фестивали намудҳои варзиши миллӣ баргузор гардида истодааст. Ин лаҳзаҳо дар варзишгоҳи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси ноҳия ва беш аз 3000 варзишгарону ҷавонон аз рӯи 5 намуди варзиши миллӣ гузашта истодааст. Дар мусобиқаҳо зиёда аз 40 даста ширкат доранд.

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 13 March 2017
  • By: admin

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат иштирок намуданд.
Боз як иқдоми бузург ва талоши бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи

Дар ноҳияи Ёвон беш аз 500 иншооти таъйиноти гуногун бунёд гардиданд

  • Posted on: 13 March 2017
  • By: admin

Дар давраи истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Ёвон сохтмончиён дар ҳар гӯшаву канори ноҳия беш аз 500 иншооти гуногунтаъйинот бунёд намудаанд, ки корхонаҳои «Ғаюр», «Ато», «Ист-Коттон НФР», «Хима текстил», «Хуаксин Ғаюр семент», «Ваҳдат», «Комрон Агро Холдинг», «Фабрикаи мурғи беҳамто», «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», «Ҷунгтсай Моҳир семент», «Криолит»

Солномаи Пешвои миллат-2016

  • Posted on: 13 March 2017
  • By: admin

Соли 2016 дар таърихи соҳибистиқлолии давлати ҷавони Тоҷикистон соли хотирмону таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар ин сол мардуми шарафманди кишвари офтобрӯяи мо дар фазои сулҳу осоиштагии комил 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди созандагию ободкориҳо истиқбол гирифтанд. Соли 2016-ро метавон бо боварӣ соли пайванди

Ноҳияи Ёвон 126 нафар занони роҳбар дорад

  • Posted on: 13 March 2017
  • By: admin

Дирӯз дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон вохўрии аъзои Раёсати Шўрои занони ноҳия бо собиқадорони меҳнат, бонувони фаъолу пешқадам ва духтарони ноҳия баргузор гардид. 
«Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Гулрухсор Саидзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия Саёҳат Абдуллоева ва вакили Маҷлиси вакилони халқи

Дар хазинаи китобхонаҳои ноҳияи Ёвон қариб 150 ҳазор нусха китоб мавҷуд аст

  • Posted on: 13 March 2017
  • By: admin

Барои ҷалби хонандагони китобхонаҳои ноҳияи Ёвон дар давоми соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 224 нусха китоби тозанашри бадеӣ, бачагона ва соҳавӣ ба маблағи 2385 сомонӣ ва 2000 дона варақаи хонандагон ба маблағи 600 сомонӣ, инчунин аз ҳисоби буҷаи ноҳия ба маблағи 10000 сомонӣ 229 нусха китоб харид шудааст. 
«Дар хазинаи китобхонаҳои

Ҷавонони фаъоли шаҳри Қӯрғонтеппа бо роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа-Ёвон» ба ноҳияи Ёвон сафар карданд

  • Posted on: 13 March 2017
  • By: admin

Тибқи барномаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон як гурўҳ ҷавонони фаъоли шаҳри Қӯрғонтеппа, бахусус донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав таҳти роҳбарии сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Беҳруз Бобоев тариқи хатсайри роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа-Ёвон» ба ноҳияи Ёвон рафтанд.

Таҷлили «Рӯзи Модар» дар ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 7 March 2017
  • By: admin

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо иштироки намояндагони модарону бонувони ноҳия дар толори Кохи фарҳанги ноҳия ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд. 
Раиси ноҳияи муҳтарам Амирбеки Темур ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Модар таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

Страницы