Аёдати пиронсолону ниёзмандон амали хайру савоб аст

  • Posted on: 3 August 2019
  • By: korbar

и.в.Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ба аёдати ниёзмандон рафта, онҳоро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ менамоянд. Ин ҳафта раиси ноҳия собиқадори соҳаи маориф Шералӣ Наимовро аёдат карда, бо ӯ суҳбати гарму самимӣ оростанд. Ш.Наимов солҳои тӯлонӣ дар муассисаҳои таълимӣ дарс гуфта, чанд муддат дар шуъбаи маорифи ноҳия вазифаҳои масъулро ба уҳда дошт. Имрӯз шогирдони ин устоди соҳибтаҷриба дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият дошта, номи неки устодашонро гиромӣ медоранд.