САИДЗОДА Ҷамшед Ҳамро

  • Posted on: 2 August 2019
  • By: korbar

10 апрели  соли 1966 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омада, соли 1990 Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ)-ро бо ихтисоси муҳандис-бинокор хатм кардааст.

Унвони илмӣ: доктори илмҳои техникӣ, профессор.

Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002) сарфароз гардидааст.

Оиладор, сокини шаҳри Душанбе.

 

Фаъолияти корӣ:

-1990-1991- муҳандиси кафедраи “ТИС ва МС”-и Донишгоҳи мазкур;

-1991-1993- ассистенти кафедраи  “ТИС ва МС” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон;

-аз феврал то октябри соли 1993- аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон;

-1993-1994- ассистенти кафедраи  “Т ва ТИС” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон;

-1994-2000- муаллими калони кафедраи  “Т ва ТИС” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон;

-2000-2001- ноиби ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ;

-2001-2004- дотсенти кафедраҳои  “Т ва ТИС” ва “ИМТ ва ТС” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон;

-2004-2005- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ;

-2005-2007- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе;

-2007-2009- директори Маркази танзими Лоиҳаҳои обтаъминкунии шаҳри Душанбе;

-2009-2010- муовини раиси шаҳри Душанбе;

-2010-2015- раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе;

-2015-2019- вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот;

-аз 22 июли соли 2019- иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон.