Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода
з январи соли 2023 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон кор мекунад.
Санаи таваллуд: 30 декабри соли 1970
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (рӯзона) ва соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (ѓоибона) хатм кардааст.
Ихтисос: иқтисодчӣ, муҳандис-иқтисодчӣ
Унвони илмӣ: надорад
Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не? не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не? Бо медали «Хизмати шоиста» аз 28.07.2017, №3055.
Вазъи оилавӣ: оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1992-1994
Иқтисодчии шуъбаи банақшагирии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикзолото»
Солҳои 1994-1996
Сардори шуъбаи банақшагирии ташкили меҳнат ва маоши Кумитаи металл ва сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1996-2002
Сардори шуъбаи дурнамо, рушд ва молияи Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2002-2003
Мутахассиси пешбари шуъбаи саноати коркарди маъданҳои кӯҳии Департаменти саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2003-2006
Сардори шуъбаи металлҳои ранга ва металлургии Департаменти саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2007
Сардори раёсати саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007 -2014
Сардори раёсати саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2019
Сардори раёсати саноати маъдани куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2019-2023
Муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз январи соли 2023 то ҳол
И.в раиси ноҳияи Ё вон