«ЧЖУНГСТАЙ МОҲИР СЕМЕНТ»-САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

  • Posted on: 29 July 2019
  • By: korbar

Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвари маҳбубамон дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба пешрафти сохтмон ва саноат низ диққати ҷиддӣ дода шуд. Ҳамин буд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар корхонаҳои зиёди хурду бузурги саноатӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд.

Яке аз чунин коргоҳҳои азим, ки дар ноҳия сохта ва мавриди  истифода қарор дода шуд, ин корхонаи сементбарории ҶДММ «Чжунгстай моҳир семент» мебошад, ки моҳи августи соли 2016 ба истифода дода шуд.

Корхонаи мазкур дар Чамоати деҳоти Даҳана ҷойгир буда, оғози корҳои сохтмонӣ ҳанӯз охирҳои соли 2014 шурӯъ гардида буд.

Коргоҳ иқтидори истеҳсоли як миллиону дусад ҳазор тонна сементро дар  як сол дошта, тавонист, ки 470 нафар шаҳрвандон бо шуғли нави меҳнатӣ таъмин гарданд, ки аз ин шумора 350 нафарашонро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Маблағи умумии сохтмони иншоот 120 миллион доллари ИМА-ро дарбар гирифта, аз он 35 фоиз соҳибкори маҳаллӣ ва 65 фоизи дигарро яке аз ширкатҳои давлати Чин саҳмгузорӣ намудаанд.

Дар семоҳаи аввали соли равон корхона ҳамагӣ 257 ҳазор тонна сементи хушсифат истеҳсол намуд, ки 142100 тоннаи он ба хориҷи кишвар содирот карда шуд.

Ҳамчунин дар назди ин корхонаи сементбарорӣ коргоҳи истеҳсоли борхалтаҳо аз ҷониби ҳамин соҳибкори маҳаллӣ (Ҷӯрахонов Баҳриддин) бунёд гардид, ки оғози корҳои сохтмонӣ ҳанӯз моҳи феврали соли 2016 шурӯъ гардида буд. Коргоҳи мазкур иқтидори истеҳсоли 40 миллион дона халтаро дар як сол дошта, маблағи умумии иншоот 82 миллион сомониро дарбар мегирад. Ин коргоҳ  низ 105 нафар шаҳрвандонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин сохт, ки 93 нафарашонро шаҳрвандони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Кормандон бо пуррагӣ ба кор қабул шуда, корҳои истеҳсолӣ идома доранд.

Умуман, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: «Корхонаҳои нави семенбарорӣ имкон медиҳанд, ки ҳаҷми солонаи истеҳсоли семент то 4,5 миллион  тонна ё нисбат ба соли 2000-ум 82 баробар афзуда, дар баробари пурра қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ ба ин намуди масолеҳи сохтмон, содироти он низ афзоиш дода шавад». Ва ин ҳидоятҳои Сарвари давлатро дар фаъолияти имрӯзаи корхонаи семенбарории «Чжунгстай моҳир семент» баръало мушоҳида месозем.