ЭЪЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН
Воҳидҳои сохтории мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия
- сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
- сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Обшорон, - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
- мутахассиси пешбар (оиди соҳаи кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти Обшорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ ;
- мутахассиси пешбар (оиди соҳаи кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти Чоргул- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;
- мутахассиси пешбар (оиди соҳаи маънавиёти) Ҷамоати деҳоти Чоргул- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;
- мутахассиси пешбар- нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Чоргул- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;
- сармутахассис-омори Ҷамоати деҳоти Обшорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ.
- мутахассиси пешбари (оиди соҳаи кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти ба номи Г.Юсуфова - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ.
- сармутахассис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ёвон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
- мутахассиси Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 600 сомонӣ;
- мутахассиси пешбари (нозири мизи ҳарби)-и Ҷамоати деҳоти Обшорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;
- мутахассиси Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав, - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 600 сомонӣ;
- мутахассиси пешбари (оиди соҳаи кишоварзӣ) Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх, - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;
- мутахассиси пешбари (нозири мизи ҳарби)-и Ҷамоати деҳоти Обшорон Ситораи Сурх - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;
- сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ
- сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти Обшорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ
- сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти Обшорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 4х6;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи САҲШ (сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ)
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома оид ба доғи судӣ
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;
- хислатнома;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ муқаррар-гардида;
- маълумотнома (справка- объективка).
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
– малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ноҳияи Ёвон, кӯчаи Мирзо Турсунзода-38, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон.
Телефон: 2-13-64, 992934215107 (Эмомалӣ Файзализода)
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.