ТАЪРИХИ МУХТАСАРИ ВОДИИ ЁВОН

  • Posted on: 14 February 2019
  • By: korbar

 

Маҷаллаи «Археологическая карта Таджикистана. Яванский район» (Душанбе, «Чопхонаи Дониш», 2016), ки ба қалами ходимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Филимонова Т.Г., Юсупоф А.Х. ва Абдуллоев А.Л. тааллуқ дошта, дар зери таҳрири академик Р.Масов ба табъ расидааст, дар бораи ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихии водии Ёвон маълумоти пурарзиш медиҳад.

Бо мақсади дастраси доираи васеи хонандагон намудани муҳтавои маҷаллаи мазкур мо қисматҳои асосии онро ба тоҷикӣ баргардонидем, ки инак, манзури ҳамдиёрони муҳтарам мегардад.

 

Таърихшиноси маъруф Р.М.Масов дар саҳифаи аввали маҷаллаи мазкур чунин нигоштааст: «Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон. Ноҳияи Ёвон» энсиклопедияест, ки дар бораи ёдгориҳои таърихӣ, мансубияти аниқи онҳо ба маҳалҳои аҳолинишини имрӯза ва тафсири мушаххаси ҳар як ёдгорӣ, анвоъ ва санагузории бозёфтҳо маълумоти нисбатан мукаммал медиҳад. Интишори ин маҷалла, аз он ҷумла яке аз ҷилдҳои он, ки ба ноҳияи Ёвон ихтисос дода шудааст, бешубҳа, барои ҳифз ва омӯзиши ёдгориҳои бебаҳои ҷумҳурии мо саҳми арзишманд мегузорад».

Маводи дар ин маҷалла интишорёфта натиҷаи кори Экспедитсияи қисмати ҷанубии Тоҷикистон мебошад, ки таҳти роҳбарии академик Литвинский Б.А. дар давоми солҳои 1963-1990 анҷом пазируфтааст. Ба ҳайати экспедитсияи мазкур якчанд гурӯҳ шомил гардида, ёдгориҳои асри санг, гӯрхонаҳои асри биринҷ, истиқоматгоҳҳо ва шаҳрҳои асримиёнагии водии Ёвонро мавриди пажӯҳиш қарор додаанд.

Экспедитисия дар давоми фаъолияти қариб 30-солаи худ 129 мавзеи бостониро ба қайд гирифтааст. Ёдгориҳои кашфгардида барои омӯзиши амиқи таърихии водии Ёвон ва дар маҷмӯъ барои равшантар намудани таърихи халқи тоҷик заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Бостоншиносон, бо тадқиқу таҳқиқ намудани водии Ёвон, барои илми таърих як мавзеи хеле аҷиберо кашф намуданд.

Яке аз нахустин тадқиқотҳое, ки дар водии Ёвон сурат гирифтааст, кори бостоншиносии олимон Отахонов Т.М ва Юркевич Э.А. мебошад (солҳои 1963-1964).

Барои омӯзиш ва пажуҳиши асри санг дар экспедитисияи мазкур ду гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ранов В.А. ва Юсупов А.Х. созмон дода мешавад.

Гурӯҳи Ранов В.А. дар бошишгоҳи «Қаратоғ» ковишҳои бостоншиносӣ анҷом дод (1973). Бошишгоҳи «Қаратоғ», ки аз ҷониби Лазаренко А.А. кашф шудааст, то он замон дар ҳудуди Осиёи Миёна қадимтарин ёдгории таърихӣ маҳсуб меёфт (қаторкуҳи Қаратоғ соҳилҳои рости дарёи Вахш, теппаҳои ғарбӣ ва шарқии соҳили чапи Ёвонрӯдро дар бар мегирад).

Гурӯҳи дуюми экспедитсия таҳти роҳбарии Юсупов А.Х. дигар бошишгоҳҳои асри сангро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.  

Таҳти роҳбарии умумии Литвинский Б.А. ду зергурӯҳ, ки сарварии онҳоро Зеймал Т.И. ва Абдуллоев А.Л. ба уҳда доштанд, барои дарёфти истиқоматгоҳҳо ва шаҳрчаҳои асримиёнагӣ дар ҳудуди водии Ёвон тадқиқоти бостоншиносӣ анҷом додаанд.

Мутаассифона, дар давоми солҳои 1990-2014, ба ҷуз чанд боздиди кутоҳ, дар ҳудуди водии Ёвон дигар тадқиқоти бостоншиносӣ сурат нагирифтааст. Яке аз чунин боздидҳо, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҶТ барои таҳия намудани Феҳристи мавзеъҳои асосии таърихӣ-бостоншиносӣ созмон дода шуда буд, аз ҷониби ходимони Институти таърих Филимонова Т.Г., Аҳмадҷонов М.Р ва Қурбонов Ф. сурат гирифтааст.  

Муаллифони маҷаллаи «Археологическая карта Таджикистана. Яванский район» дар натиҷаи ҳама корҳои басомонрасида, инчунин, мутобиқи маводи дар бойгониҳо ҳифзшаванда рӯйхати 129 ёдгориро мунташир сохтаанд. Аз ин теъдод 82 ёдгорӣ ба асри санг, 2 ёдгорӣ ба давраи биринҷ, 20 ёдгорӣ ба асри оҳан ва қадим, 15 ёдгорӣ ба даврони асримиёнагӣ тааллуқ дошта, ба кадом давра мутааллиқ будани 10 ёдгории боқимонда номаълум мондааст. Ба рӯйхати таҳиягардида ҳама иншооте ворид гардидаанд, ки то соли 2015 маълум гардидаанд, аз он ҷумла ёдгориҳои боқимонда, вайроншуда, инчунин, бозёфтҳое, ки аз тарафи куҳкорҳо, кишваршиносон ва сокинони маҳаллӣ дастрас гаштаанд.

Нигораҳое, ки дар рафти ковишҳои бостоншиносӣ аз ҳудуди ноҳия дарёфт карда шудаанд, дар захираҳои Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ маҳфузанд.

 

ТАВСИФИ УМУМИИ ВОДИИ ЁВОН

Водии Ёвон то соли 1920 яке аз амлокдориҳои Бекигарии Ҳисори Аморати Бухоро маҳсуб меёфт. Водӣ соли 1920 номи «тумани Ёвони вилояти Душанбеи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро»-ро гирифт. Аз соли 1927 ба ҳайати вилояти Ҳисори Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон шомил буд. Аз соли 1929 то соли 1934 яке аз воҳидҳои маъмурии ноҳияи Лақайтоҷики округи Ҳисори РСС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Соли 1934 (11 июн) дар асоси Қарори Кумитаи иҷроияи марказии РСС Тоҷикистон бо номи ноҳияи Ёвон таъсис ёфтааст.

Аз нигоҳи этимологӣ калимаи «Ёвон» аз забони авастоӣ yavanha сарчашма гирифтааст, ки маънии он «чарогоҳ» мебошад. Ин калима мафҳуми «водӣ»-ро низ ифода мекунад  (водӣ- мавзее, ки барои чарогоҳ ва зироаткории лалмӣ мувофиқ аст).

Яке аз тадқиқотчиёни нахустини водии Ёвон Юркевич Э.А. доир ба вожаи «Ёвон» нуқтаи дигареро зикр намудааст, хеле ҷолиб аст. Ба андешаи ӯ, вақте ки Искандари Мақдунӣ дар замони лашкаркашии худ ба ин макон мерасад, сокинони маҳаллии водӣ юнониҳои мақдуниро «явана» ном мебаранд. Мавсуф барои тақвияти фикри худ Ҳиндустонро мисол меорад, ки он ҷо низ юнониҳоро «явана» мегуфтанд (Юркевич, 1965, с.167).

Ковишҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки водии Ёвон дар давраи антиқӣ (асри III то милод - асри IV милодӣ) нисбатан ободтар будааст.

 

ТАФСИФИ ҶУҒРОФИИ ВОДИИ ЁВОН

Ноҳияи Ёвон аз се ҷониб (шимол, шарқ ва ғарб) бо қаторкуҳҳо иҳота гардида, дар самти ҷанубӣ ба водии Вахш мепайвандад. Тӯли водӣ аз самти шимолу шарқӣ ба ҷанубу ғарбӣ 55 км; арзи он дар қисматҳои шимолу шарқӣ 0,8-1 км, марказӣ 19 км, ҷанубу ғарбӣ то 30 км аст. Масоҳати умумии водӣ 976,2 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Қисмати шимолии водӣ аз ағбаи Зардолу то шаҳраки Ёвонро дарбар гирифта, 216 км2-ро ташкил медиҳад. Ландшафташ куҳӣ буда, танҳо 18 км2 он ҳамворӣ аст. Дар самти шарқии қисмати шимолии Ёвон қаторкуҳи Қаратоғ бо баландии 1720-1750 метр аз сатҳи баҳр қомат афрохта, дарёи Вахш ва рӯди Ёвонро аз ҳамдигар ҷудо мекунад. Дар самти ғарбӣ, миёни рӯди Ёвон ва дарёи Кофарниҳон қаторкуҳи Боботоғ (куҳҳои Рангон ва Норин) ҷой гирифтааст, ки баландии он аз 700 то 1400 метр аст.

Иқлими водӣ. Гармии моҳи июл ба ҳисоби миёна +31О С буда, то 44-45О С баланд мешавад. Гармии моҳи январ ба ҳисоби миёна +4О С аст. Сатҳи боришот гуногун буда, дар як сол дар қисмати ҷанубӣ 270-300 мм, дар шимол 600 мм-ро ташкил медиҳад. Зимистон сатҳи боришот ба 266 мм, баҳор ба 205 мм, тобистон ба 7 мм ва тирамоҳ ба 143 мм баробар мешавад.

Хоки водӣ. Водии Ёвон ба минтақаи даштии Тоҷикистон шомил мебошад. Хоки ин ҷо аксаран одии тира буда, дар таркибаш гумус ва оҳак дорад ва аз ҳамин ҷиҳат, ба шӯршавӣ бештар дучор мегардад. Дар баландиҳои 700-1000 метр дар натиҷаи боришоти зиёд ва ҳосилхез шудани қабати болоӣ, тирахок ба сиёҳзамин мубаддал гардидааст. Тирахок барои кишти лалмии гандум ва лӯбиёгиҳо мувофиқ мебошад. 

Илова бар водӣ, қисмате аз соҳилҳои дарёи Вахш низ ба ҳудуди марзию маъмурии ноҳияи Ёвон шомил мебошад.

 

АҲОЛИИ ВОДИИ ЁВОН

            Қисмати аксари аҳолии водӣ аз тоҷикони муқимӣ ва лақайҳо, қарлуқҳо ва қунғуротҳои баъдан маскунгашта иборат аст.

Дар давраи асримиёнагӣ дар водии Ёвон танҳо тоҷикон иқомат доштанд. Мутобиқи нишондодҳои этнографӣ дар охири асри XVIII, асри XIX ибтидои XX харитаи ҷойгиршавии аҳолии ноҳия чунин буд:

            Тоҷикон асосан дар қисматҳои шимолӣ ва шарқӣ- деҳаҳои Мирзоӣ, Гулхор, Севак, Ғулакандоз, Пӯстхур, Дастгираки Боло, Дастгираки Поён, Зулмобод, Қамбарӣ, Даҳана, Чаманзор, Хучак ва ғайраҳо иқомат доштанд. Дар деҳаи Ғарав тоҷикону лақайҳо мезистанд.

Аз рӯи маълумоти гуногун як қисмати аҳолии водӣ дар асрҳои XVIII то ибтидои XX аз навоҳии Кӯлоб, Балҷувон, Норак ва Файзобод кӯчида омадаанд.

Лақайҳо ва қарлуқҳо дар асри XVII ва асри XIX ба ин ҷо омада, қисмати ғарбии водии Ёвонро маҳали иқомат интихоб кардаанд. Ба қавли М.Ҳамроев, ки дар оғози асри XX аз Бухорои Шарқӣ дидан карда буд, «Лақайҳо қавми сернуфустарине ҳастанд, ки дар қисмати шарқии Бекигарии Ҳисор маскун шудаанд. Онҳо аз ду авлоданд. Авлоди Эҳсонхуҷа барои зиндагӣ амлокдории Султонобод ва Ёвонро пазируфтаанд» (Ҳамроев, 1959).

Соли 1924 дар водии Ёвон ҳамагӣ 9038 нафар аҳолӣ сукунат дошт, ки аз он 7625 нафар тоҷикон ва 1410 нафар узбекон (лақайҳо ва қарлуқҳо) буданд.

Солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта бо обшор гардидани водӣ ва оғози сохтмони иншооти муқтадири саноатӣ, аз навоҳии куҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои Қаротегин ва дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳазорҳо нафар мардумон ба водии Ёвон кӯчонида шуда, намояндагони чандин халқу миллатҳо низ аз солҳои 30-юм то 70-уми садаи пешин (асосан русҳо) маскуни ноҳия гаштанд.    

То оғози солҳои 90-уми асри XX дар водии Ёвон ғайр аз тоҷикони муқимӣ намояндагони беш аз бист халқу миллатҳо иқомат доштанд, ки ин барои пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва вусъати мафкураи аҳолии он мусоидати фаъол намудааст.

Мутаассифона, дар натиҷаи бесарусомониҳои оғози солҳои 90-уми қарни гузашта, ки дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд, бисёр сокинони ғайритоҷики водӣ (русҳо, немисҳо, ҷуҳудҳо, арманиҳо, озарбойҷониҳо, осетинҳо ва ғайраҳо) ба сарзаминҳои бобоии худашон кӯч бастанд.