Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият

  • Posted on: 9 January 2019
  • By: korbar

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ рӯзи 9 январи соли 2019 бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати ҶТ дар ноҳияи Ёвон- Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Бобозода Шавкат дар Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории ҷаласа иброз гардид, ки дар ҳудуди н.Ёвон то ҷашни 30-солагӣ зиёда аз 340 иншооти гуногунтаъинот бунёд карда мешавад, ки аз он дар давоми соли 2018 аллакай беш аз 70 иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Масъулини соҳаҳо ва роҳбарони гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор гардиданд. ки корҳои созандагӣ ва бунёдкориро вусъат бахшида, барои боз ҳам ободу зебо гаштани ноҳия бештар аз имрӯза ҷаҳд намоянд.

Раиси ноҳия муҳтарам Амирбеки Темур дар хотимаи ҷаласа изҳор дошт, ки сокинони ноҳияи Ёвон ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулиятшиносӣ доранд ва барои ба таври шоиста истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ватани азиз содиқона талош меварзанд.