Ҷавоб ба дурӯғпардоз ва косалеси бериё М.Салимпул

  • Posted on: 4 January 2019
  • By: korbar

 

 

«Гови бешир садояш баланд аст», мегуфтанд дар урфият. Хабарнигоре ки аз бекорӣ ва пархошгарӣ, сомонаи зиддимиллӣ сомон дода, хабарнигор худаш, таҳиягар худаш, бастакор худаш ва наворбардор худаш мебошад, ба манбаъ ва сарчашмаи истисноии кизбу дурӯғ дар ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Мисли он сарояндаест, ки хонанда худаш, дар рақс худаш ва дар авҷ ҳам худаш бошад.  Пештар кӯдаконро бо аҷинаву дев метарсонданд. Ҳоло бо ахбори М.Салимпул- Ахбори сомонаи каҷраваш атфоли гурезпойро бими медиҳанд. Ахбор.ком мутародифи минбари душманон шудааст. Салимпул, дастовези наҳзат ва СПИИ аст. СПИИ, яъне Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. Пулхӯри наҳзат аст.

Ин гуна афрод пазириши танҳо худро доранд, худхоҳу мағруранд, ба инсонҳо нафрати беандоза доранд, ҷанҷолдӯстдору пархошгаранд. Агар ин хислатҳо ёру ёвари  М.Салимпул намебуд, оё ӯ дар байни 5-6 нафар хабарнигори тоҷик дар радиои «Озодӣ» ҷой намеёфт? Нерӯи эътирозии бемавридашро нисбат ба ҳамватанонаш сарф намекард.

Бубинед, дар воқеаи 03.01.2019с. шаҳри Хоруғ  чи қадар дурӯғ корид. Саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили чиноятиро, ки истилоҳи устувори ҳуқуқист, «лидерони ғайрирасмӣ» меномад. Бо пуррӯӣ нишон медиҳад, ки мухолифи тафсири расмии ҳукуматӣ нисбат ба ГМҶ. Сепаратист аст. Ҷудиохоҳ аст. Ба иборати дигар ин хабарнигори шариатмадори кабиримаоб, ГМҶ-ро ҳам ёрдамчии «манбаъи иттилоотӣ» гирифтааст, то рӯзи мабодо ғайбату дурӯғро аз вазъи Хоруғ дар пеши хоҷагони бегонааслаш чаппаву воруна нишон дода, сарозер кунад. Доллар гирад. Хумор шиканад. Истироҳатгоҳ равад, маишат кунад.       

        Убайди Зоконӣ агар зинда мебуд, қаҳрамоне ба ҷойи Талҳаку Ҳаҷӣ, Мирзои Салимпули качрафторро интихоб мекард: «Лулӣ бо писари худ мавлоно Мирзочаи Салимпул моҷаро мекард, ки ту ҳеҷ коре намекунӣ ва умр дар батолат ба сар мебарӣ. Хабаркаши дари мардум гаштӣ. Пояҳои иттиҳоди миллатро меларзонӣ. Шуғниро ба дарвозӣ душман кардӣ. Аврупогард шудӣ, Танҳогарду ҳарҷогард шудӣ. Чанд бо ту гўям, ки муаллақ задан биёмўз, саг зи чанбар ҷаҳонидан ва расанбозӣ тааллум кун, то аз умри худ бархурдор шавӣ. Агар аз ман намешунавӣ, ба Худо, туро ба Чех андозам, то муассиси сомонаи ахбор.коми наҳзатӣ шавӣ ва он ҷаҳонбинии мурдареги эшон биёмўзӣ ва чалласавод шавӣ ва то зинда бошӣ, дар мазаллат ва фалокат ва идбор (бадбахтӣ) бимонӣ ва як ҷав аз ҳеҷ ҷо ҳосил натавон, кард.

      Ҳайфи ту Салимпул. 3 бор ҳайф Салимпул.

 

Ф.Додов, хабарнигор-таҳлилгари масоили сиёсӣ, махсус барои сомонаи Ахбор.ком.