Ҷом муборак, футболбозони ёвонӣ

  • Posted on: 10 December 2018
  • By: korbar

Рӯзи 7 декабри соли равон дар Кохи фарҳанги ноҳия маросими ҷоизасупорӣ ба тими футболи ноҳия “Моҳир” баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Амирбеки Темур ва узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон муҳтарам Шарифзода Исроил иштирок карданд.

Тими футболи “Моҳир” таҳти сарпарастии Баҳриддин Ҷурахонов имсол дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.

 

         Ҳамчунин, имсол 3 нафар варзишгарони ҷавон: Сангов Сомон, Юсупов Субҳон ва Искандаров Сафиаллоҳ дар мусобиқа ва чемпионатҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд

 

         Варзишгарони ноҳия аз аввали сол то ба имрӯз 105 медал ба даст овардаанд,  ки аз он 26 тилло, 28 нуқра ва 51 биринҷӣ мебошад ва 3 медал аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аст.

 

         Дар давоми соли ҷорӣ 10 нафар кӯдакони солҳои таваллудашон 2001 - 2005: Раҳмонов Сайёд, Раҳмонов Шодмон, Қориев Сафиаллоҳ, Қулов Шоҳрух, Амонов Сироҷиддин, Содиқов Муҳаммадсахӣ, Шарифзода Диловар, Мақсудов Давид, Алимуҳаммади Дӯстмурод ва Боев Шоҳин дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойнҳои намоёнро ишғол намуданд.

 

         Ва боз ҳам муваффақияти беназир он аст, ки ҳамагӣ чанд рӯз пештар ҷоизадори мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, варзишгари қавиирода Сангов Сомон дар Чемпионати Ҷааҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон бо иштироки 250 нафар варзишгар аз 36 кишвари дунё баргузор шуд, дар вазни 52 кг соҳиби ҷойи 3-юм ва медали биринҷӣ гардид.

         Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкори муваффақ Баҳриддин Ҷурахонов дастовардҳои варзишгарони ноҳия бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуд.