Дасисаҳои навбатии наҳзатиҳо

  • Posted on: 7 December 2018
  • By: korbar

Ирӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба  баргузории гирдиҳамоии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки   дар санаи 10 декабри соли 2018 эълон шудааст, сару садоҳо зиёданд. 

Гуруҳҳои тафриқаандози миллат албатта боз таҳти роҳбарии Кабирӣ паси пардаи “сиёсати демократипарвари” давлати Олмон панаҳ бурда, аз тоҷикистониёни муқими Аврупо, ҳизбу ҷунбишҳо даъват ба амал меоваранд, ки дар гирдиҳамоӣ ҷиҳати ҳимоят аз зиндониёни сиёсӣ иштирок намоянд. Ҳамзамон гӯиё мехоҳанд феҳристи кушташудаҳо ва захмиҳои зиндони № 3/3 шаҳри Хуҷанд расонаӣ карда шавад. Ба ақидаи онҳо ин нишон демократия аст.

 Боз ин гурўҳи фитнагару тафриқаандоз даъвои гирдиҳамоӣ доранд?

Миллат дарди 150 ҳазор фарзанди қурборшудаашро, ки дар натиҷаи гирдиҳамоиҳо ба ҷангу хун омехта гардид, фаромӯш накардааст. Ҳанӯз модари тоҷик дидаи пурашк дораду  ҷигараш аз хуни шаҳидон дар сӯз аст... Боз даъвои гирдиҳамоӣ он шахсоне доранд, ки боиси сар задани ҷанги бародаркуш гардидаанд. Хуни ноҳақи фарзандони миллатро рехта,  барои “озодандешону демократпарварҳо” аз ташкилотҳои мухталиф маблағҳо гирифта, барои худ дар хориҷи кишвар “шароити урупоӣ” кардаанд.  

Аммо паси ин сару садои муғризона нақшаҳои дигари наҳзатиҳо маҳфуз аст. Муаллифони он аслан дар ғами худу хешу пайвандони худ ҳастанд. Дар вуҷуди онҳо на азватанпарастӣ асаре ҳасту на аз ҳувияти миллӣ. 

Талаби озод намудани  зиндониёни сиёсӣ боло бурдани имиҷи гумкардаи наҳзатиҳо зимни баргузории конфронси САҲА дар Варшава буда,ҳамзамон атрофи ин мавзуъ дар  расонаҳои хабарӣҳангомасозӣ кардан мебошад. 

Ин тоифаи “сиёсатшиносон” чун  баъд аз ба имзо расидани истиқрори сулҳ соҳиби мансабу вазифаҳо шуданд, қонунҳои ҷориву қонунҳои инсониро фаромӯш карда, даст ба ҷиноятҳо заданд. Чун Қонун аз аъмоли ғайриқонунии онҳо пурсон шуд, худро “уболак” нишон дода, ҷинояти худро паси пардаи “қурбонии сиёсӣ” ҷой доданд. Панаҳ дар Аврупо ҷустанд, бо роҳи дурӯғу буҳтону ҳиллаву найранг...  

 Ҳарчанд ҳукумати Олмон гузарнидани гирдиҳамоиро муддати 2 соат рад накарда бошад њам, ин ба  маъное нест, ки ифротиён дар ин давлати аврупоӣ ҷонибдорӣ мешаванд.  Аммо  бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ин њамоиш танњо барои гурӯҳи кӯчаки наҳзатиҳо зарур буда,  барои онҳо ҳарчӣ зиёд шумораи гумроҳони  зарур аст. Ва агар донишҷӯе ва роҳгузаре дар ин рӯз аз назди тӯдаи ватангадоҳо гузар кунад, ҳатман онҳо ттабли шодӣ хоҳанд зад, ки ин “роҳгузар”  ба митинг омадааст.

Рўз то рӯз зебову пешрафт гардидани Тоҷикистон барои тафриқаандозони наҳзатӣ боиси ҳасуд ва тангчашмист. Зеро барои бад гуфтани Тоҷикистон ва алайҳи сарзамини муқаддас санги маломату буҳтон задан, онҳо аз “хоҷагон”-и худ маблағ мегиранд. Аз ин лиҳоз, барои онҳо муқаддасоте чун Ватан вуҷуд надорад. Муқаддастони онҳо грантҳо. маблағгузориҳои “хољагон” буда, барои амалӣ намудани аъмоли зишти худ  тайёранд, аз Ватану имон даст кашанд.

Аз ин лиҳоз,гузаронидани гирдиҳамоиву пикетҳои сиёсӣ  барои онҳо манбаи даромад гардидааст. Халқи меҳнаткаш ва сулҳдӯсти Тоҷикистон самараи митингбозињои солњои навадуми асри гузаштаро, ки оқибати  он ҷангу  хунрезї гардид, ба хубї  медонанд.Дигар фирефтаи ин сару садоҳои бемаънӣ намешаванд. 

Холикзода А. деҳаи Ормони н.Файзобод, челонгар